Ссылки доступа

"Коммерсант": Кремл ба интихоботи президентӣ бо иштироки Путин омодагӣ мебинад


Намояндагони блоки сиёсии дохилии дастгоҳи президентии Русия омодагӣ ба интихоботи президентии ин кишврро дар соли 2024 бо иштироки раисҷумҳури кунунӣ Владимир Путин шуруъ кардаанд.

Нашрияи "Коммерсант" бо истинод ба манбаъҳои худ иттилоъ додааст, ки интизор меравад, ин интихобот моҳи марти соли 2024 баргузор хоҳад шуд.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони нашрия, Кремл бо вуҷуди он ки Путин омодагии худро барои як давраи дигар раҳбарӣ кардани Русия ҳанӯз эълом накардааст, сенарияҳои гуногуни интихоботиро баррасӣ дорад.

Қарор аст, моҳи сентябри имсол дар Русия интихоботи раисони вилоят ва маҷлисҳои маҳаллӣ баргузор шавад. Яке аз манбаъҳои нашрия мегӯяд, дар ин интихоботҳо "баъзе тасмимҳо" санҷида хоҳанд шуд. Ба гуфтаи ӯ, интихоботи маҷлисҳои маҳаллӣ бо шароитҳои вижае сурат мегиранд, ки Кремл дар интихоботи президентӣ бо онҳо рӯбарӯ хоҳад шуд.

Владимир Путин дар солҳои 2000 ва 2004 барои ду давра раиси ҷумҳур интихоб шуд. Ӯ дар соли 2012, пас аз чаҳор соли як "қалъабандӣ"-и мансаби президентӣ бо рафиқаш Дмитрий Медведев, ба курсии президентӣ баргашт.

Давраи президентии Путини 67-сола дар соли 2024 ба охир мерасад ва бино бар Қонуни асосии Русия вай дигар ҳақ дошта наметавонист, номзади раёсатҷумҳурӣ шавад. Вале тағйире, ки ба ин қонун ворид карда шуд, акнун барояш имкон хоҳад дод, аз соли 2024 сар карда боз ду давраи дигар президенти Русия бошад.

XS
SM
MD
LG