Ссылки доступа

Таҳқиқ: "Беҳдоштӣ" – фарзанди "Фароз" ва падари ташхисҳои тиббии Тоҷикистон? (видео)


Ҳар гоҳ ки ниҳодҳои ширкати "Фароз" дар сохторҳои давлатӣ ҷойгир мешуданд, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон инро "шарикии давлат ва бахши хусусӣ" меномид.

Ин ҷавобе буд ба расонаҳо, ки баръакс мегуфтанд, "Фароз" тиҷоратҳоеро аз дасти ниҳодҳои давлатӣ мегирифт, ки бе харҷи зиёд барояш фоидаи азим меоранд. Монанди фурӯши сӯзишворӣ, ташхиси тибби аҳолӣ ва вазъи техникии мошинҳо, бима (суғурта), мактабҳои ронандагӣ, чопи бланкаҳои давлатӣ ва рақами мошинҳо, осоишгоҳҳо, бонкдорӣ, ҷамъоварии шираи камол ва ғайра. "Фароз" соҳаҳои зиёдеро фаро гирифта, дар байни мардум “аждаҳо” ё “ҳаштпо” ном гирифт ва дар соли 2019 қарор шуд, он барҳам хӯрад.

Як пажуҳиши Радиои Озодӣ нишон дод, ки ин барҳамхӯрӣ танҳо барои бартараф кардани калимаи "Фароз" буд ва аксар ширкатҳои он ба таври гуё мустақилона ё бо номи дигар кори худро давом дода, масири даромадашон тағйир накардааст. Яке аз онҳо "Беҳдоштӣ" аст, ки акнун ба назар мерасад, "шарикии давлат ва бахши хусусӣ"-ро зери суол мебарад. Кормандони ниҳоди давлатӣ аз кори ин ширкат, ки масъули анализ ё таҳлили хун аст, шикоят карданд. Радиои Озодӣ ин шикоятро санҷид.

Кормандони Беморхонаи "Ёрии таъҷилӣ"-и шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ навиштанд, сифати таҳлилҳои "Беҳдоштӣ" гоҳо қаноаткунанда нест, кори духтуронро мушкил мекунад ва бар сари ташхиси беморони фаврӣ кашокашҳо ба миён меояд.

Бино бар санадҳо, чунин норозигӣ борҳо садо дода, вале ҳамеша мақомот аз “Беҳдоштӣ” ҳимоят кардаанд. Аз ҷумла, 19-уми августи 2021 дар Шӯрои табибони Беморхонаи “Ёрии таъҷилӣ”, пизишкон “аз натиҷаҳои ташхиси озмоишгоҳ норизогии хешро иброз доштаанд”.

Дертар, 12 корманди “Ёрии таъҷилӣ” дар нома ба раиси Иттифоқҳои касабаи Вазорати тандурустӣ навиштаанд, муҳлати корбурди маҳлулҳое, ки Ҷамъияти Саҳомии Пӯшида (ҶСП) “Беҳдоштӣ” барои ташхисгоҳи онҳо овардааст, кайҳо гузашта, “ташхисҳо нодуруст мебошанд”.

Ба ҳамин мазмун, рӯзҳои 1-уми апрел ва 4-уми майи соли 2021 пизишкони масъули беморхонаи “Ёрии таъҷилӣ” дар санадҳои ҷудогона навиштаанд, “муҳлати кори маҳлулҳои овардаи ҶСП “Беҳдоштӣ” барои ташхисгоҳҳо гузаштааст.”

Ба гуфтаи духтурҳо, таҳлили нодурусти хун сабаби ташхис ва табобати нодурусти беморон мешавад. Аммо раҳбарони “Ёрии таъҷилӣ” ин шикоятҳоро рад карда, мегӯянд, дар кори ташхисгоҳҳои “Беҳдоштӣ” мушкиле ҷой надорад.

Шикояти дигари гуруҳе аз пизишкони “Ёрии таъҷилӣ” ин аст, ки кормандони “Беҳдоштӣ” ба гузарондани ташхиси бепули одамоне зиддият нишон медиҳанд, ки ба ёрии фаврӣ эҳтиёҷ доранд. Ин ҳолат дар чанд номаи пизишкон зикр ёфтааст. Таҳлилҳо дар чунин ҳолат бояд бепул бошанд. Аммо, ба навиштаи пизишкон, кормандони “Беҳдоштӣ” манфиатҳои пулии худро дар ҷойи аввал мегузоранд.

Дар шикояти духтурон гуфта мешавад, ки 11-уми августи соли 2021, “соати 8:10 аз шуъбаи қабул бемор Ғ.Ш. барои ташхис дар ҳолати вазнин оварда шуд. Дар ҳоле ки ба беморони фаврӣ бепул хизмат расонида мешавад ва ин нукта дар шартномаи тарафҳо зикр гаштааст, хазинадори ҶСП “Беҳдоштӣ” аз намояндагони бемор маблағ талаб карда, сару садоҳо оғоз кард. Дар ин бора санади махсус бо имзову ҳуҷҷатҳо мавуд аст," - навиштаанд пизишкон.

Дар як санади дигар навбатдорони “Ёрии таъҷилӣ” навиштаанд, рӯзи 21-уми сентябри соли 2021, як бемори вазнинро ба шуъбаи қабул оварданд, ки фавран бояд ташхиси хун ва пешобаш гирифта мешуд. Аммо “хазинадори ҶСП “Беҳдоштӣ” ба ин ҳолат бовар накарда, мехост ба ҳуҷраи амалиёт даромада, боварӣ ҳосил кунад, ки ҳақиқатан бемор дар ҳолати вазнин қарор дорад ё не. Вале дар ин ҳолат дари ҳуҷраи амалиёт аз дарун пӯшида буд, чунки духтурон ва ҳамшираҳои шафқат аз сабаби наомадани пешоби бемор амалиёт мегузаронданд. Вале ба ҳамаи ин хазинадор қонеъ нашуда, дари ҳуҷраи амалиётиро бо дасташ сахт мекӯфт, то дарро кушоянд.”

Ширкати “Беҳдоштӣ” ин шикояти пизишконро рад кард. Давлатшоҳ Сурхаков, мудири “Беҳдоштӣ” ба Радиои Озодӣ гуфт, "соле аз 700 000 то як миллион ташхиси ширкат ройгон аст”. Вале шумораи умумии ташхисҳои «Беҳдоштӣ» маълум нест.

Шикояти духтурҳо баёнгари на ҳамкорӣ, балки рақобати бахши хусусӣ бо давлатист ва он ҳам дар ҳоле ки ҳамаи зинаҳои мақомот дар ин баҳс аз бахши хусусӣ ҳимоят мекунанд. Чунин ҳимоят дар соҳаҳои дигар ё нисбати ширкатҳои дигари хусусӣ дида нашудааст.

Бобохон Абдураҳимзода, сардухтури Бемористони “Ёрии таъҷилӣ” рӯзи 10-уми феврал дар нишасти хабарии Вазорати тандурустӣ шикояти пизишконро аз кори “Беҳдоштӣ” беасос номид. Вай гуфт, “он чизе, ки навиштанд, нафаҳмида навиштаанд. Баъди баргашта таҳлил кардан ба кори ҳаррӯза омада истодаанд. Ягон проблема нест.”

Норозиён дар Беморхонаи “Ёрии таъҷилӣ” мегӯянд, ҳақ дар ҷониби онҳост ва мақомот барои он аз “Беҳдоштӣ” ҳимоят мекунанд, ки дар паси он Шамсулло Соҳибов, домоди раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, қарор дорад. Баъзе пизишкон гуфтанд, баъди нишасти хабарии Вазорати тандурустӣ, ки шикояти онҳо аз кори “Беҳдоштӣ” дар он баҳс шуд, ин ширкат ба ташхисгоҳи Беморхонаи “Ёрии таъҷилӣ” таваҷҷуҳи бештар мекунад. “Вақте аз ин беморхона дархост барои маҳлулҳо меравад, мегӯянд, зуд ба онҳо фиристед, ки боз шикоят накунанд,” -- гуфт яке аз пизишкон.

“Беҳдоштӣ”, ки бо гузарондани ташхисҳо ва додани маълумотномаи тиббӣ машғул аст, соли 2017 аз тарафи ширкати “Фароз” таъсис ёфтааст. “Фароз” ду сол пеш хабар дод, ки фаъолияташро қатъ кардааст, аммо таҳқиқоти журналистӣ нишон дод, ки бисёре аз ниҳодҳои он кори худро идома медиҳанд. Дар чанд шаҳру ноҳия сокинон онҳоро ҳамоно “ташхисгоҳҳои Фароз” ном мегиранд.

Моҳи апрели соли 2020 ташхисгоҳ (лаборатория)-и Бемористони “Ёрии таъҷилӣ”-и шаҳри Душанбе барои даҳ сол ба ихтиёри ҶСП “Беҳдоштӣ” дода шуд.

Дар шартномаи миёни ду тараф, ҳадаф аз додани ташхисгоҳҳо ба ихтиёри ширкати “Беҳдоштӣ” “беҳтар намудани заминаи моддию техникӣ, рушди нерӯи кадрӣ, инфрасохтори озмоишгоҳҳо” гуфта шудааст. Шикояти табибон аз сифати пасти ташхисҳо хилофи ин барнома аст.

Вазири тандурустии Тоҷикистон ва Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ҳам дар посух ба Радиои Озодӣ аз вогузор шудани ташхисгоҳи беморхонаҳои давлатӣ ба ихтиёри ҷамъияти “Беҳдоштӣ” ҳимоят кардаанд.

Як пизишки “Ёрии таъҷилӣ” бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, дар бораи мушкил бо “Беҳдоштӣ” ба Вазорати тандурустӣ муроҷиат кардаанд, аммо ягон натиҷа надод. Ҳарчанд Бобохон Абдураҳимзода, сардухтури ин беморхона таъкид мекунад, ки «масъала кайҳо ҳал шудааст».

Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, ки беморхонаи “Ёрии таъҷилӣ” тобеи он аст, норозигии пизишконро аз кори “Беҳдоштӣ” тасдиқ кард. Раёсат дар мактубаш ба Радиои Озодӣ навишт, шикояти пизишкони “Ёрии таъҷилӣ” дар ҳузури онҳо ва намояндагони “Беҳдоштӣ” баррасӣ шуда, “бо қабули қарорҳои дахлдор ва розигии тарафҳо масъалаи мазкур ҳалли худро ёфт.”

Аммо пизишконе, ки дар ҷаласа ширкат доштанд, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, мушкил ҳамчунон ҳалношуда мондааст. Сардухтури яке аз марказҳои саломатӣ мегӯяд, пуштибонии вазорат аз “Беҳдоштӣ” норозиёни дигарро, ки низ бо айни душвориҳо рӯбарӯянд, дилсард кард. “Вазорат бояд аз сохторҳои худ ҳимоят кунад, ки давлатиянд, на аз сохторҳое, ки шахсӣ ҳастанд ва барояш бояд бегона бошанд," -- гуфт ӯ рӯзи 6-уми майи соли 2022 ба шарти пинҳон мондани номаш.

Як шикояти дигари пизишкон ин аст, ки баъди ба ихтиёри “Беҳдоштӣ” гузаштани ташхисгоҳҳо, нархи таҳлил гарон шудааст. Он аз нархномае, ки ҳукумат барои беморхонаҳои давлатӣ муайян кардааст, баландтар аст. Аз ҷумла, агар нархи “таҳлили умумии хун (мунташир) дар гемонализатор” тибқи қарори 600-и ҳукумат 18 сомонӣ аст, баъди ба ихтиёри “Беҳдоштӣ” гузаштани ташхисгоҳҳои давлатӣ нархи он 22 сомонӣ шудааст.

Дар нархномаҳои ширкати “Беҳдоштӣ” навишта шудааст, ки нархҳо бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ мувофиқа шудаанд. Ширин Солеҳзод, муовини сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ҳам ин нуктаро тасдиқ кард.

Масъулони Вазорати тандурустӣ тасдиқ мекунанд, ки баъди ба ихтиёри ҷамъияти “Беҳдоштӣ” гузаштани ташхисгоҳҳо, нархи ташхисҳо ба ҳисоби миёна 22,5 дарсад зиёд шудааст. Вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ҳам мегӯяд, “нархномаи муассисаҳои хусусӣ бо назардошти андоз ва маҳсулоти сарф аз нархномаҳои муассисаҳои давлатӣ фарқ мекунад.”

Таҳқиқ нишон дод, ки ҳарчанд дар ибтидо нархномаҳои “Беҳдоштӣ” дар муқоиса бо давлатӣ баландтар буданд, вориди бозор шудани ширкатҳои дигар ба коҳиши нарх сабаб нашуд ва нархномаҳои, фаразан, “Диамед” ва “Гемотест” аз қиматҳои “Беҳдоштӣ” ҳам болотаранд.

“Беҳдоштӣ” дар калонтарин беморхонаҳои шаҳри Душанбе ва ҳамчунин марказҳои саломатӣ ҷойгоҳи қавӣ пайдо кардааст. Ба ғайр аз Беморхонаи “Ёрии таъҷилӣ” ташхисгоҳҳои беморхонаи “Истиқлол”, Маркази тиббии рақами 1 маъруф ба “Якум Советский” ва “Қарияи Боло” ҳам дар ихтиёри “Беҳдоштӣ” ҳастанд. Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе дар номааш ба Радиои Озодӣ навишт, 6 беморхона ва 15 маркази саломатӣ дар Душанбе “бо ҶСП “Беҳдоштӣ” ҳамкорӣ доранд.”

Фаъолияти “Беҳдоштӣ” танҳо бо шаҳри Душанбе маҳдуд нест. Дар идораи тандурустии вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ҳам ноҳияҳои тобеи марказ ба Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки ташхисгоҳҳои беморхонаҳои давлатӣ ва марказҳои саломатӣ дар ихтиёри “Беҳдоштӣ” гузошта шудаанд.

Бино бар омори ахири Вазорати тандурустӣ, дар Тоҷикистон 1870 беморхона ва 2830 маркази саломатӣ мавҷуд аст. Аз соли 2018 гирифта, ташхисгоҳи ин муассисаҳои давлатӣ тадриҷан ба ихтиёри “Беҳдоштӣ” гузаштанд. Ширкат, ба гуфтаи пизишкон, ташхисгоҳҳои тайёри давлатиро соҳиб шуд, ки бе ин ҳам фаъол буданд. Аммо Давлатшоҳ Сурхаков, мудири “Беҳдоштӣ”, ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ташхисгоҳҳо таъмир ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин шуданд.

Шумораи онҳоро, Сурхаков, “ҳудуди 5%” аз шумораи умумии ташхисгоҳҳои кишвар номид ва афзуд, дар Тоҷикистон ширкатҳои дигар, мисли “Диамед”, “Нурафзо”, “Гемотест” ва ғайра низ вуҷуд доранд.

Намояндагони ин ширкатҳо гуфтанд, ба фарқ аз “Беҳдоштӣ” онҳо ташхисгоҳҳои худро ба сармоя ва талошҳои худ аз сифр бунёд кардаанд.

  • “Диамед” ҷамъан 35,
  • “Гемотест” 15,
  • “Ахвар” 5 ва
  • “Нурафзо” 4 ташхисгоҳ доранд.

Агар шумораи ташхисгоҳҳо дар кишвар 4700 адад (баробар бо маҷмӯи беморхона ва дармонгоҳҳо) дониста шавад ва дар ҳоле ки “Беҳдоштӣ” аз гуфтани шумораи дақиқи ташхисгоҳҳояш худдорӣ мекунад, метавон тахмин зад, ки дардсади ҳузури он дар бозор на 5, балки даҳҳо баробар бештар аст. Сарони ширкат ҳамчунин пинҳон медоранд, ки “Беҳдоштӣ” дар як сол чӣ қадар ташхис мегузаронад.

Ба гуфтаи пизишкон он танҳо дар моҳи феврал аз ҳисоби гузарондани ташхис ва танҳо дар Беморхонаи “Ёрии таъҷилӣ” аз муштариён қариб 76 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Маблағи ҷамъкардаи “Беҳдоштӣ” дар беморхонаҳои “Қарияи боло” ва “Истиқлол”, ки аз “Ёрии таъҷилӣ” дида калонтаранд, зиёдтар аст.

Бобохон Абдураҳимзода, сардухтури Бемористони “Ёрии таъҷилӣ” зимни нишасти хабарии Вазорати тандурустӣ аз он тавсиф кард, ки “Беҳдоштӣ” ба пизишконе, ки дар ташхисгоҳҳо кор мекунанд маош медиҳад. Аммо пизишкони ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ мегӯянд, “Беҳдоштӣ” аз маблағи ҷамъкардааш танҳо 15 дарсадро барои кормандони ташхисгоҳ ҳамчун маош медиҳад. Аз ҷумла, “Беҳдоштӣ” аз 76 ҳазори сомонии моҳи феврал дар Бемористони “Ёрии таъҷилӣ”, танҳо 11 ҳазору 713 сомониашро ба пизишкон додааст.

Ҳамсуҳбатони мо дар ин беморхона гуфтанд, маблағи додаи “Беҳдоштӣ” ба ҳар яки 22 нафар 532 сомониро ташкил медиҳад. Ба ин тартиб, даромади умумии “Беҳдоштӣ” дар сол миллионҳо сомонист.

Дар зимн, агар ҳамаи ширкатҳои дигари ҳамсон натиҷаҳои ташхис ва варақаи пардохтро зери ном ва рамзи худ пешниҳод кунанд, “Беҳдоштӣ” чунин санадро зери номи беморхона ва марказҳои саломатӣ нашр мекунад, ки шояд ин маълумот барои Кумитаи андоз муҳим бошад.

Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон рӯзи 8-уми июни имсол дар посух ба суоли Радиои Озодӣ дар бораи онки “Беҳдоштӣ” соле чӣ қадар молиёт медиҳад, рақами мушаххасеро нагуфтааст. Нусратулло Давлатзода танҳо ишора кардааст, ки “ҷамъият... андозҳои муқарраршуда, аз ҷумла андоз аз даромад, андоз аз арзиши иловашуда ва андози иҷтимоиро ба буҷет пардохт менамояд. Ба санаи 2-юми майи соли 2022 дар назди буҷет қарздор нест.”

Вай ҳамзамон афзудааст, ки “Беҳдоштӣ” “аз имтиёҳои андозӣ бархӯрдор нест.”

“Беҳдоштӣ” дар саросари Тоҷикистон шуъба дорад. Ба ғайр аз анализҳо, маълум нест, бо кадом сабаб додани “Маълумотномаи рақами 26" (ё "Справкаи формаи 26") ҳам аз соли 2018 ба ихтиёри он дода шудааст. Ҳар кӯдак танҳо бо чунин санад ба мактаб қабул карда мешавад. Баъди ба “Беҳдоштӣ” вогузор шуданаш нархи он аз 5 ба 80 сомонӣ расид. Тибқи омори расмӣ, солона беш аз 250 ҳазор нафар дар Тоҷикистон ба синфи якум қабул мешаванд ва ин барга ҳар сол ба соҳиби ширкат тақрибан 20 миллион сомонӣ даромад меорад. Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ин схемаро тарафдорӣ накардааст.

ҶСП “Беҳдоштӣ” моҳи феврали соли 2017 пайдо шуда, муассисаш ҶСП “Фароз” мебошад ва дар сохторҳои андоз таҳти рақами 0310018244 сабтином шудааст. Суроғаи ҳуқуқии ширкат дар ноҳияи Фирдавсӣ дар маконе сабт шудааст, ки дар он ниҳодҳои дигари марбут ба “Фароз”, аз ҷумла чопхонаи он, ҷойгир шудаанд.

XS
SM
MD
LG