Ссылки доступа

Иктишофи ИМА: Русия ба зарба задан ба иншооти Украина омода мешавад


Иллюстративное фото

Мақомоти иктишофии ИМА иттилоъ ба даст овардаанд, ки Русия нақша дорад, дар фурсатҳои наздик ҳамлаҳои навро ба зерсохтори шаҳрвандӣ ва иншооти давлатии Украина амалӣ кунад. Дар ин бора хабаргузориҳои Reuters ва The New York Times бо такя ба мақомоти амрикоӣ иттилоъ доданд.

Мақомоти ИМА гуфтанд, ин иттилои иктишофиро ба хотири он ошкор мекунанд, ки дар бораи хатарҳо ба аудитория васеътар хабар диҳанд.

Дар Украина имрӯз Рӯзи парчами давлатӣ ва фардо Рӯзи истиқлол таҷлил мешавад. Пештар Владимир Зеленский, президенти Украина ҳушдор дод, ки мумкин аст, дар рӯзҳои ҷашнӣ Русия "талоши анҷом додани кори ифлосе, махсусан хашинеро кунад".

Сарраёсати иктишофии Украина низ шаҳрвандони он кишварро ҳушдор дод. "Эҳтимоли ҳамлаи мушакӣ ва дигар иғво ҷо дорад", - гуфт Андрей Юсов, намояндаи Сарраёсати иктишофӣ.

Ҳафтаи ҷорӣ дар шаҳри Киеви Украина баргузории ҳама навъи чорабиниҳои оммавӣ манъ шудааст. Пулиси шаҳрӣ аз сокинони Киев хост, ҳушдор дар бораи хатарҳои ҳавоиро аз 23 то 25 август нодида нагиранд.

XS
SM
MD
LG