Ссылки доступа

Иктишофҳои амрикоӣ мегӯянд, Путин моҳи апрел аз саратон табобат гирифтааст


Президенти Русия Владимир Путин моҳи апрели соли равон аз бемории саратон табобат гирифтааст. Дар ин бора маҷаллаи Newsweek бо истинод ба се манбаи баландпояи худ иттилоъ додааст.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки ӯ дар моҳи марти имсол аз як сӯиқасд ҷон ба саломат бурдааст. Ба навиштаи маҷалла, хадамоти махсуси Амрико аз охирҳои моҳи апрел то нимаи моҳи майи имсол ба хулосае расида буданд, ки Путин сахт бевор аст ва эҳтимол аст, даргузарад. Ба назари иктишофҳои амрикоӣ, эҳтимолан гӯшанишинӣ ба хотири коронавирус вазъи ӯро пинҳон медошт.

Расонаи "Проект" аввалҳои моҳи апрели имсол хабар дод, ки вақтҳои охир табиби гӯшу бинию гулӯ ва ҷарроҳи саратони сипаршакл дар одамони солхӯрда ба таври доимӣ ба назди Путини 69-сола меравад.

Ду ҳафта пеш раиси Хадамоти истихбороти низомии Украина, генерал Кирил Буданов, иддао кард, ки Путин "сахт бемор аст" ва мансабдорони баландпояи норозӣ аз сиёсатҳои ӯ "аллакай барои аз қудрат ронданаш омодагӣ мегиранд".

Вазъияти саломатӣ ва зиндагии хусусии раисиҷумҳури Русия аз мавзуъҳои мамнуъ дар ин кишвар аст ва дар расонаҳо дар ин бора кам суҳбат мешавад.

Дар рӯзҳои ахир баъзе гузоришҳо дар мавриди гирифтории Владимир Путин ба "саратони пешрафта" нашр шуда буд ва гуфта мешавад, табибон ба ӯ гуфтаанд, аз ду то се соли дигар имкони зинда мондан надорад.

XS
SM
MD
LG