Ссылки доступа

Reuters: Кремл ба шабакаи ҷосусҳояш дар Украина эътимод мекард


"Саркофаг" на Чернобыльской АЭС

Қабл аз ҳамла ба Украина дар таърихи 24 феврали соли 2022, Кремл дар Украина ба сохтани шабакаи ҷосусҳо пардохт, ки мебоист, муваффақияти ҳамлаи ояндаро таъмин мекарданд. Дар ин бора дар таҳқиқоти оҷонсии хабарии Reuters иттилоъ дода шудааст, ки рӯзи панҷшанбе нашр гардид.

Ба иттилои манобеи Reuters, президенти Русия Владимир Путин эътимод дошт, шабакаҳои ҷосусҳо кӯмак мекунанд, ки ҳукумати президенти Украина Владимир Зеленский баъди шуруъи ҳамла фирор мекунад, аз ҳукумат даст мекашад ва ё таслим мешавад. Бо гузашти 5 моҳ аз ҷанг ин кор сурат нагирифт ва ҳарчанд қисме аз ҳудудҳои Украина аз даст рафт, аммо муқовимат ҳамоно идома дорад.

Бо такя ба мусоҳибаҳои мақомоти Русияву Украина ва ҳуҷҷати додгоҳҳои Украина, Reuters менависад, шабакаи ҷосусҳои Русия амиқтар аз он будааст, ки пештар баҳо дода мешуд. Мақомоти Украина гуфтанд, Русия миёни низомиҳо ва мақомоти махсуси Украина низ ҷосус доштааст.

Дар гузориши Reuters ба хусус гуфта мешавад, ки таслими бидуни ҷанги неругоҳи Чернобил натиҷа кори ҷосусҳои Русия буд.

Манобеи Reuters гуфтаанд, Москва нақша дошт, ҳукумати Украинаро тағйир диҳад.

Дар маҷмуъ, ба навиштаи Reuters, нақшаи Русия барҳам хӯрд. Манобеъ гуфтаанд, Москва бовар дошт, ки Украина заъф дорад. Москва ҳамчунин ба тавоноии ҷосусҳояш дар Украина эътимоди беш аз ҳад дошт.

XS
SM
MD
LG