Ссылки доступа

Ришӣ Сунак сарвазири нави Бритониё мешавад


Ришӣ Сунак раҳбари нави ҳизби муҳофизакори Бритониё интихоб шуд ва рӯзҳои наздик ба курсии сарвазирии Бритониё такя хоҳад зад.

Номзадии Сунакро аксари вакилони порлумони Бритониё ҷонибдорӣ карданд. Рақиби ӯ ва раҳбари ҷиноҳи муҳофизакорон дар порлумон Пеннӣ Мордонт дар лаҳзаҳои ахир эълом кард, ки аз идомаи рақобат даст мекашад. Пештар аз ӯ, сарвазири пешини Бритониё Борис Ҷонсон ҳам номзадияшро пасгирифт.

Ришӣ Сунаки 42-сола ба ҷои Лиз Трасс сарвазири Бритониё интихоб мешавад.

Волидони ҳиндии Сунак дар соҳаҳои тиб ва дорусозӣ кор мекарданд. Онҳо солҳои 1960 аз Африқои Шарқӣ ба Бритониё муҳоҷир шуданд. Сунак дар бонки сармоягузории "Goldman Sachs" кор кардааст. Ӯ ва ҳамсараш ҳоло дар раддабандии сарватмандтарин сокинони Бритониё дар ҷои 222-юм қарор доранд.

Рӯзи 20 октябр Лиз Трасс эълом кард, ки аз мақоми сарвазирӣ истеъфо медиҳад. Вай ҳамагӣ 44 рӯз сарвазири Бритониё буд - ин кутоҳтарини муҳлати роҳбарӣ дар таърихи он кишвар аст.

XS
SM
MD
LG