Ссылки доступа

Чарлз III Ришӣ Сунакро сарвазири Бритониё таъйин кард


Ришӣ Сунак

Подшоҳи Бритониё Чарлз III Ришӣ Сунакро сарвазири ин кишвар таъин кард ва акнун ӯ бояд ҳукуматро ташкил кунад.

Мулоқот дар Қасри Букингем баргузор шуд. Чарлз III қабл аз он истеъфои Лиз Трассро пазируфт. Дар Бритониё монарх дар таъини раҳбарони ҳукумат нақши тантанавиро мебозад.

Номзадии Сунакро 25 октябр аксари вакилони порлумони Бритониё ҷонибдорӣ карданд. Рақиби ӯ ва раҳбари ҷиноҳи муҳофизакорон дар порлумон Пеннӣ Мордонт дар лаҳзаҳои ахир эълом кард, ки аз идомаи рақобат даст мекашад. Пештар аз ӯ, сарвазири пешини Бритониё Борис Ҷонсон ҳам номзадияшро пасгирифт.

Ришӣ Сунаки 42-сола ба ҷои Лиз Трасс сарвазири Бритониё интихоб мешавад.

Волидони ҳиндии Сунак солҳои 1960 аз Африқои Шарқӣ ба Бритониё муҳоҷир шуданд. Ӯ ва ҳамсараш ҳоло дар раддабандии сарватмандтарин сокинони Бритониё дар ҷои 222-юм қарор доранд.

Рӯзи 20 октябр Лиз Трасс эълом кард, ки аз мақоми сарвазирӣ истеъфо медиҳад. Вай ҳамагӣ 44 рӯз сарвазири Бритониё буд - ин кутоҳтарини муҳлати роҳбарӣ дар таърихи он кишвар аст.

XS
SM
MD
LG