Ссылки доступа

Украинаву Русия бори дигар асиронро табодул карданд


Обмен пленными, 13 июля 2022 года. Фото из телеграма Андрея Ермака

Русияву Украина асирони низомиро табодул карданд. Аз ҳар ду ҷониб 20-нафарӣ табодул шудааст. Дар ин бора мушовири президенти Украина Андрей Ермак хабар дод.

Вазорати мудофиаи Русия табодули асиронро тасдиқ, аммо ҷузъиёт надод.

Бори охир ҷонибҳо рӯзи 11 октябр асиронро табодул карда буданд. Ҷониби Украина он замон гуфт, ки 32 асир, аз ҷумла ҷасади шаҳрванди Исроил Дмитрий Фиалкиро дарёфт кардааст.

Пештар аз он ду кишвар 22 сентябр табодули бузурги асиронро анҷом дода буданд. Киев 215 асири низомиашро аз Русия озод кард. Миёни озодшудаҳо ҷанговарони гуруҳи "Азов" низ буданд. Дар он табодул Туркия миёнаравӣ карда буд.

XS
SM
MD
LG