Ссылки доступа

Русия дар Украина садҳо бомбаи хушаӣ партофтааст


Отработанная кассетная бомба, Ливия, апрель 2011 года

Артиши Русия соли ҷорӣ дар ҳудуди Украина бомбаи хушаӣ истифода кардааст. Дар ин бора дар гузориши солонаи Cluster Munition Coalition - Ташаббус оид ба мубориза бо ин навъи аслиҳа хабар дода шудааст.

Дар натиҷаи ҳамлаи бомбаҳои хушаӣ бештар аз 200 сокини осоишта кушта, қариб 500 каси дигар ҷароҳат бардоштааст, омадааст дар гузориш.

То 1 июл Русия аз 24 минтақа дар 10 минтақаи Украина аслиҳаи хушаӣ истифода кардааст. Дар навбати худ артиши Украина чунин аслиҳаро ҳадди ақал се маротида - дар вилоятҳои Донестк, Харков ва Херсон - истифода бурдааст, хабар додаанд таҳиягарони гузориш.

Ин навъи бомбаҳо ба таври хушаӣ партофта мешаванд, ки ҳудуди зиёдеро фаро мегиранд. Дар бархе ҳолат бомбаҳои мазкур якбора наметарканд, балки ба замин уфтода ҳудуди зиёдеро мингузорӣ мекунанд ва барои сокинони осоишта хатар ба бор меоранд.

Бино ба Конвенсияи манъи истифодаи бомбаи хушаӣ аз соли 2010 ин бомбаҳо манъ шудаанд. Конвенсияи мазкурро бештар аз 100 кишвар имзо кардаанд. Аммо дар ин рӯйхат Русия ва Украина нестанд. Москва ва Киев якдигарро дар истифодаи бомбаи мазкур айбдор мекунанд.

XS
SM
MD
LG