Ҷониби Русия ин хабарро ҳанӯз шарҳ надодааст.
Охири ҳафтаи гузашта Украина аз табодули ҷасади сарбозон бо Русия хабар дода буд. Рӯзи 7 июн Анна Головко, намояндаи полки "Азов" тасдиқ кард, ки 2 июн Русияву Украина 160-ҷасадӣ табодул кардаанд. Ҳадди ақал 52 ҷасад марбути сарбозони полки "Азов" дониста мешавад. Дар Киев ба ташхис ва шиносоии ҷасадҳо шуруъ кардаанд.
Миёнаҳои моҳи май низомиҳои Украина, аз ҷумла ҷанговарони "Азов" таслим шуданд, ки бештар аз ду моҳ корхонаи "Азовстал"-ро дар Мариупол муҳофизат мекарданд.
Расонаҳои Русия навиштанд, бештар аз 1000 низомии украин, ки дар корхонаи "Азовстал" таслим шуда буданд, ба Русия интиқол ёфтаву бозпурсӣ мешаванд.
Ба иттилои ҷониби Русия, дар маҷмуъ 2,5 ҳазор низомии Украина таслим шудааст. Ин иттилоъро Владимир Зеленский, президенти Украина низ тасдиқ кард.
Президенти Украина борҳо такрор кард, ки Киев барои баргардонии онҳо ҳамаи талошро харҷ мекунад. Ҷониби Русия дар бораи табодули ин ҷанговарон ҳарф намезанад ва ба додгоҳ кашидани онҳоро аз эҳтимол дур намедонад.