Ссылки доступа

Беш аз 86%-и ширкатҳои русӣ таъсири таҳримҳоро эҳсос кардаанд


Таҳримҳои ҷорӣ алайҳи Русия тақрибан ба 87 дарсади ширкатҳои русӣ таъсир расонидаанд. Бештари ин ширкатҳо тавонистаанд ба шароити нав мутобиқ шаванд ё мунтазиранд, ки дар ояндаи наздик ин корро анҷом диҳанд.

Ба иттилои РБК, дар гузориши дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон дар Русия Борис Титов гуфта шуда, ки тақрибан 12 дарсади ширкатҳо натавонистаанд ба шароити нав мутобиқ шаванд ва бинобар ин, фаъолияти худро пурра ё қисман қатъ кардаанд.

Ҳамчунин гуфта шудааст, ки танҳо тақрибан 10,5 дарсади соҳибкорони пурсидашуда гуфтаанд, тиҷорати онҳо то ҳол устувор ва дар ҳоли рушд аст. Аз се ду ҳиссаи онҳо гуфтаанд, ки таъсири таназзули иқтисодиро эҳсос мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, беш аз нисфи пурсидашудагон иқдомоти ҳукумат дар самти дастгирии соҳибкориро нокифоя медонанд. Аксари соҳибкорон боварӣ доранд, ки мушкилотро танҳо тавассути ислоҳоти бунёдӣ, бо тағир додани худи модели рушд метавон бартараф кард.

XS
SM
MD
LG