Ссылки доступа

Хонаводаҳои низомиҳои фавтидаи Русия бештар аз 89 млрд рубл дарёфт кардаанд


Ҳукумати Русия аз оғози ҳамла ба Украина барои ҷуброн ба хонаводаҳои низомиҳои фавтида ва захмишуда 113 млрд рубл (муодили 1,9 млрд доллар) ҷудо кардааст. Аз ин миқдор маблағ 89 млрд рубл (муодили 1,5 млрд доллар) пардохт шудааст, хабар медиҳанд расонаҳо.

Дар таҳқиқоти рӯзноманигорие, ки дар сомонаи "Новая газета. Европа" нашр шуд, омадааст, ин миқдор маблағро эҳтимол 15-17 ҳазор сарбози рус ё хонаводаи онҳо дарёфт кардаанд. Муаллифон мегӯянд, ҷуброн барои фавти ҳар кадом сарбоз 9,5 млн рубл (160 ҳазор доллар) ва барои захмиҳо 4,5 млн рубл (76 ҳазор доллар)-ро ташкил медиҳад. Ба ин тартиб, аз оғози ҷанг дар Украина ҳудуди 10-11 дарсад аз артиши 150-ҳазорае фавтида ё захмӣ шудааст, ки Русия "дар ҷанги зидди Украина" истифода мекунад, ҳисоб кардаанд рӯзноманигорон.

Вазорати молияи Русия барои Росгвардия 1,5 млрд рубл ва барои вазорати мудофиа он кишвар 15 млрд рубл ҷудо кардааст. Дар ибтидои моҳи март Русия аз фавти 498 ва захмишавии 1597 сарбоз хабар дода буд. 1,5 ба Росгвардия ва 15 млрд рубл ба вазорати мудофиа барои пардохти ҷуброни захмиҳову фавтидаҳо рост меояд. Аз 25 март то кунун мақомоти Русия дар бораи талафот дар ҷанги Украина дигар хабар надодаанд.

XS
SM
MD
LG