Ссылки доступа

Дар Қазоқистон "Рӯзи президенти нахустин" дигар иди давлатӣ нест


Сенати Қазоқистон бо қабули қонуне "Рӯзи президенти нахустин"-ро, ки ба хотири эътирофи дастовардҳо"-и Нурсултон Назарбоев ташкил шуда буд, аз рӯйхати идҳои давлатии ин кишвар хориҷ кард.

Қонуни қабулшуда барои имзо ба президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев пешниҳод гаштааст.

Ин қонун ташкили иди нав дар Қазоқистон - Рӯзи ҷумҳуриро пешбинӣ мекунад, ки ҳамасола 25 октябр таҷлил хоҳад шуд. Рӯзи истиқлоли Қазоқистон, ки 16 декабр аст, ба рӯйхати идҳои давлатӣ шомил гаштааст.

"Ин як тасмими таърихӣ ва хеле муҳим аст. Истиқлоли кишвари мо воқеан аз ҳамин сана оғоз мешавад. Аз ин рӯ, таъсиси он ҳамчун ҷашни миллӣ як қадами муҳим дар заминаи давлатдорӣ ва соҳибихтиёрӣ аст. Умедворем, ки дар оянда ин ҷашн ба оммавӣ ва таҳкими истиқлол мусоидат хоҳад кард", - изҳор дошт раиси сенат Маулен Ашимбоев.

Рӯзи президенти нахустин дар Қазоқистон соли 2012 таъсис шуда, ҳамасола 1 декабр ҷашн гирифта мешуд. Нахустин президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аст, ки соли 1991 раҳбарии ин кишварро бар ӯҳда гирифт. Ӯ 20 марти соли 2019 аз мақоми президентӣ истеъфо дод.

XS
SM
MD
LG