Ссылки доступа

Маскав мегӯяд, Луҳански Украинаро зери назорат гирифт


Владимир Путин и Сергей Шойгу
Владимир Путин и Сергей Шойгу

Сергей Шойгу, вазири дифои Русия, рӯзи 3-юми июл ба президенти он кишвар Владимир Путин хабар додааст, ки артиши Русия вилояти Луҳански Украинаро "озод" кард.

Шойгу гуфт, артиши Русия ва нерӯҳои зери ҳимояти Маскав шаҳри Лисичанск, саҳнаи охирини даргириҳоро дар шарқи Украина, тасарруф кардаанд.

Ин шаҳр охирин маркази бузурги аҳолинишин дар вилояти Луҳанск аст, ки қисман зери назорати Украина қарор дорад.

Расонаҳои давлатии Русия аз қавли Игор Конашенков, сухангӯи Вазорати дифоъ, навиштанд, "сарбозони рус... дар дохили Лисичанск меҷанганд ва душмани иҳоташударо торумор мекунанд."

Серҳей Ҳайдай, волии ҷонибдори Киев дар Луҳанск, дар Телеграм навишт, нерӯҳои Русия "дар шаҳр ҷойи по меёбанд".

Мушовири раисиҷумҳури Украина Алексей Арестович шоми 2-юми июл гуфт, нерӯҳои Русия дар шаҳр "вазъияти хатарноке"-ро ба вуҷуд овардаанд.

Русия моҳи апрели имсол нерӯҳои худро аз атрофи Киев ва минтақаҳои дигари Украина берун бурд ва эълон кард, ки тамаркузашро барои пурра зери назорат гирифтани Донетску Луҳанск равона мекунад.

Маскав моҳи феврали имсол ба Украина ҳамла карда, онро амалиёти махсус барои ғайринизомӣ кардани ҳамсояаш номид. Киев ва кишварҳои ғарбӣ онро таҷовуз ба хоки Украина дониста, алайҳи Кремлин ва мансабдорону сарватмандонаш таҳримҳои сахт ҷорӣ карданд.

Дар ин ҷанг, ки ҳанӯз идома дорад, аз ду тараф ҳазорҳо кас кушта ва дар Украина миллионҳо нафар беҷо ва овора шудаанд.

XS
SM
MD
LG