Ссылки доступа

ИМА маълумоти иктишофии худро дар ихтиёри Украина мегузорад


Вазорати дифои ИМА гуфт, Вашингтон мехоҳад, маълумоти иктишофиро барои зарба задан бо истифода аз низомҳои мушакӣ дар ихтиёри Украина гузорад.

Ба иттилои Пентагон, низомиёни Украина дар ҳоли ҳозир омӯзиши истифодаи низомҳои мушакии "HIMARS" ва "MLRS"-ро ба поён мерасонанд.

Вашингтон эътироф кардааст, ки Москва ҳанӯз ҳам назар ба Киев тӯпхонаи бештар дорад. Мақомоти амрикоӣ бори дигар гуфтанд, артиши Украинаро бо ҳама лавозимоти зарурӣ барои зарба задан ба ҳадафҳо дар дохили кишвар муҷаҳҳаз карданӣ ҳастанд.

Иёлоти Муттаҳида аввали моҳи равон тасмим гирифт, ки ба Украина низоми мушакии навъи HIMARS фиристад. Дар Амрико шарт гузоштанд, ки низоми мушакии мазкур барои ҳамла ба ҳудуди Русия истифода нашавад.

Фосилаи партоби низоми мушакии HIMARS 80 километрро ташкил медиҳад, аммо дар сурати насби мушакҳои дурпарвоз ин низом метавонад, мушакҳоро ба фосилаи 300-500 километр партоб кунад.

XS
SM
MD
LG