Ссылки доступа

ИМА аз баргузории раъйпурсиҳо дар минтақаҳои Украина ҳушдор дод


Херсон

Русия, мумкин аст, то охири ҳафтаи ҷорӣ аз баргузории раъйпурсиҳо дар ҳудудҳои ғасбшудаи Украина хабар диҳад. Дар ин бора мушовири Кохи сафеди ИМА дар умури амнияти миллӣ Ҷон Кирбӣ иттилоъ дод.

Ба иттилои дарёфтӣ, ИМА интизор дорад, ки Москва натиҷаҳои раъйпурсиро тақаллуб ва эълом хоҳад кард, ки сокинони ҳудудҳои ғасбшуда аз пайвастан ба Русия ҷонибдоранд.

Охири моҳи феврали имсол Русия қариб тамоми вилояти Луканск, инчунин қисми зиёди Донетск, Херсон ва Запорожеи Украинаро ғасб кард.

Роҳбарони дастнишондаи Русия дар ҳудуди вилоятҳои мазкур борҳо аз омодагӣ ба раъпурсӣ хабар доданд. Бино ба нақшаи пешакӣ, ин раъпурсиҳо бояд моҳи сентябр баргузор шаванд. Зеленский гуфт, дар сурати баргузории раъйпурсиҳо эҳтимоли гуфтугуҳо бо Русия комилан аз байн меравад.

XS
SM
MD
LG