Ссылки доступа

Амрико барои буҷаи Украина $4,5 млрд ҷудо мекунад


Ҷанет Йеллен
Ҷанет Йеллен

Вазири молияи ИМА Ҷанет Йеллен хабар дод, ки Вашингтон барои дастгирии бевоситаи буҷаи Украина 4,5 миллиард доллар ҷудо мекунад.

Ин пулҳо ҳафтаҳои оянда ҷудо мешаванд ва ҳукумати Украина бо он худро дар давраи ҷанги Русия тавассути таҳкими суботи иқтисодӣ ва дастгирии хадамоти муҳими давлатӣ, аз ҷумла пардохти маоши кормандони беморхонаҳо, хидматчиёни давлатӣ ва омӯзгорон, кумаки иҷтимоӣ барои пиронсолон ва хонаводаҳои осебпазир ҳимоят мекунад.

"Ин маблағҳо дар муқовимати Украина ба таҷовузи беасоси Путин як абзори муҳим мебошанд" - гуфта шудааст дар изҳороти Вазорати молияи ИМА.

Кумак ҳамчун грант ҷудо мешавад. Йеллен аз сармоягузорони дигар низ даъват кард, ки кумак ба Украинаро афзоиш ва суръат бахшанд.

Маъмурияти раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден ба Киев беш аз 20 миллиард доллар кумаки низомӣ, ҳудуди 10 миллиард доллар барои кумакҳои башардӯстона ва ҳудуди 13 миллиард доллар барои эҳёи иқтисоди миллӣ ҷудо кардааст. Илова бар ин, Байден аз Конгресс даъват кард, ки барои Украина боз 37,7 миллиард доллари дигар ҷудо кунад.

XS
SM
MD
LG