Ссылки доступа

ИМА ҳамчун кӯмак ба буҷаи Украина $4,5 млрд ҷудо мекунад


ИМА ба ҳукумати Украина дар ҳаҷми 4,5 млрд доллар кӯмаки молӣ мерасонад, ки ин кӯмак ба пӯшонидани харҷи буҷа, аз ҷумла пардохти барқу гармии беморхонаву мактабҳо ва музди меҳнатӣ пизишкон, омӯзгорон ва дигар ходимони шаҳрвандӣ сарф мешавад.

Дар ин бора дар сомонаи Оҷонси ИМА дар умури рушди байналхалқӣ хабар дода шудааст.

Нахустин интиқол дар ҳаҷми 3 млрд доллар дар давоми моҳи август сурат мегирад.

Кӯмаки нави молӣ ба Украина дар ҳолест, ки ҷанг моҳи шашум аст давом дорад, миллионҳо украинӣ маҷбур ба тарки хонаҳояшон шудаанд ва ҳукумат аз норасоии газ дар фасли зимистон ҳушдор медиҳад. Бино ба баҳогузории Бонки ҷаҳонӣ, 55 дарсади украинҳо ба далели ҷанг то соли 2023 камбизоат хоҳанд шуд. Ин дар ҳолест, ки то оғози ҷанг ҳамагӣ 2,5 дарсади украинҳо камбизоат буданд.

Пештар аз ин ИМА барои буҷаи Украина, дар моҳи июл 1,7 млрд ва дар моҳи июн 1,3 млрд доллар кӯмак карда буд. Вашингтон ҳамчунин дар ҳаҷми миллиардҳо доллар ба Украина кӯмаки низомӣ мерасонад. Рӯзи душанбе вазорати молияи ИМА хабар дод, ки дар ҳаҷми 1 млрд доллар ба Украина таслиҳот мефиристад.

XS
SM
MD
LG