Ссылки доступа

Амрико ба Украина ба маблағи як млрд доллари дигар кумаки низомӣ мекунад


Президенти Амрико Ҷо Байден рӯзи чаҳоршанбе гуфт, Вашингтон рӯзҳои наздик барои Киев ба маблағи наздики як миллион доллари дигар кумаки низомӣ ҷудо хоҳад кард.

Байден бо президенти Украина Владимир Зеленский суҳбати телефонӣ анҷом дода, бовар кунонд, ки "ба Киев барои ҳимоят аз соҳибихтиёрияш ва демократия кумак хоҳад кард".

Ба гуфтаи ӯ, Вашингтон ба Киев тӯпхона ва муҳимоти ҷангии иловагӣ, низомҳои дифои соҳилӣ ва пешрафтаи мушакӣ медиҳад. Ҳамчунин барои осебдидагони ҷанг ба маблағи 255 миллион доллар кумаки башардӯстона фиристода мешавад.

Пештар президенти Украина борҳо аз Амрико ва кишварҳои НАТО хоста буд, ки раванди интиқоли тӯпхонаҳои сангин ба кишварашро тезонанд.

XS
SM
MD
LG