Ссылки доступа

Кишварҳои Аврупо низомиёни Украинаро омӯзиш медиҳанд


Ҳамоҳангсози сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо (ИА) Ҷозеп Боррел гуфт, кишварҳои ИА ба созиш расиданд, ки барои омӯзиши низомиёни Украина як маъмурияти вижа таъсис диҳанд.

"Сухан на танҳо дар бораи амалиёти ҷангӣ, балки дар маҷмӯъ дар бораи чӣ гуна ҷараён гирифтани ҷанг меравад ва кормандони низомӣ маҳз барои иҷрои ин кор таълим дода мешаванд", изҳор дошт Боррел дар нишасти ғайрирасмии вазирони дифои ИА, ки дар Прага ҷараён дорад.

Ба гуфтаи вай, бисёре аз кишварҳои ИА аз ҳоло ба Украина дар омӯзиш ё бозомӯзии сарбозон кумак мекунанд ва бинобар ин, зарурати муттаҳид кардани талошҳо барои ҳамоҳангсозии беҳтари онҳо вуҷуд дорад.

Ҳамоҳангсози сиёсати хориҷии ИМА дақиқ нагуфт, ки маъмурияти мазкур чи куна фаъолият хоҳад кард. Аммо тахмин меравад, ки низомиёни украинӣ дар кишварҳои ҳамсоя – аъзои ИА тамрин дода шаванд.

XS
SM
MD
LG