Пулиси маҳаллӣ гуфтааст, марди ҳамлагар бар асари захмҳое ҷон бохта, ки ба худаш расонда буд.
"Мо метавонем тасдиқ кунем, ки ҳамлагар ҷон бохтааст. Маъмурони пулис дар ҳоли ҳозир ҳамаи утоқҳои биноро тафтиш мекунанд, то таҳдидҳои дигар набошад", - омадааст дар иттилоияи Департаменти пулиси Талса.
Ба иттилои расмӣ, ҳамлагар марди тахминан 35-40-сола буда, дар ҳоли ҳозир шахсияти ӯ ва сабабҳои ҳодиса маълум нестанд.