Ссылки доступа

Додгоҳи Русия манъи транзити нафти Қазоқистонро бекор кард


Добыча нефти в Тенгизе, Казахстан
Добыча нефти в Тенгизе, Казахстан

Додгоҳи кишвари Краснодари Русия рӯзи душанбе манъи якмоҳаи интиқоли нафти Қазоқистонро ба Лӯлаи консорсиуми Каспий бекор кард.

Дар иваз ширкат 200 ҳазор рубл ҷарима пардохт хоҳад крад.

Рӯзи 6 июл додгоҳи Новороссийск интиқоли нафти Қазоқистонро манъ карда буд. Дар қарори додгоҳ омада буд, ки манъи фаъолияти лӯла барои рафъи камбудиҳое зарур аст, ки моҳи апрел аз сӯи Ространснадзор ошкор шуда буданд. Консорсиум ба зинаи болои додгоҳ шикоят бурд ва гуфт, дар сурати манъ интиқоли нафт дастгоҳҳо нуқс пайдо хоҳанд монд.

Тавассути лӯлаи мазкур 80 дарсади нафти хоме интиқол мешавад, ки дар Қазоқистон истихроҷ мегардад. Лӯлаи консорсиуми Каспий ҳамарӯза ба шарикон 51,2 миллион бушка нафт мерасонад, ки ин миқдор 1 дарсади нафти ҷаҳониро ташкил медиҳад.

Додгоҳи Русия интиқоли нафти Қазоқистонро баъди он манъ кард, ки президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар суҳбат бо роҳбари Шӯрои Аврупо Шарл Мишел пешниҳоди "ба эътидол овардани вазъ" дар бозори маводи сӯхтро кард. Бисёре аз расонаҳо ин пораи суҳбатро ҳамчун пешниҳоде барои ҷойгузинии нафти Русия нақли қавл карданд. Расонаҳо ҳамчунин навиштанд, ки тасмими додгоҳи Русия дар мавриди манъи интиқоли нафти Қазоқистон ангезаи сиёсӣ дорад.

XS
SM
MD
LG