Ссылки доступа

Бародари Алим Шерзамонов боздошт шудааст


В Горном Бадахшане силовики убили Хурсанда Мазорова и Зоира Раджабова: они были среди неформальных лидеров региона

Муслим Шерзамонов, бародари Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони миллии Тоҷикистон, ки мақомот ӯро яке аз тарроҳони эътирозҳо дар Хоруғу Рӯшон меноманд, рӯзи 12-уми июн дар маркази Бадахшон дастгир шудааст.

Мақомоти интизомӣ Муслим Шерзамоновро аз афроди наздик ба Хурсанд Мазоров ва Зоир Раҷабов ном бурданд. Ду раҳбари ба истилоҳ ғайрирасмии минтақа, ки рӯзи якшанбе дар ҷараёни амалиёт дар Хоруғ кушта шуданд.

Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони миллӣ, созмони мамнуъ дар Тоҷикистон, мегӯяд, бародараш 56 сол дошт, "вале ба ҳеч гуруҳ ҳамроҳ набуд".

"Гуноҳи аввалаш ин аст, ки дар замони фармондеҳии Мамадбоқир Мамадбоқиров дар қисми сарҳадбонӣ дар Мурғоб раиси ситодаш буд. Гуноҳи дигараш ин аст, ки бародари ман аст. Дигар гуноҳе надорад," – афзуд ӯ рӯзи 12-уми июн.

Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи якшанбе гуфт, аз хонаи Муслим Шерзамонов "1 автомати Калашников бо 1 тирдон, 18 тири қутраш 5,45 мм, 2 норинҷаки Ф-1 ёфта" ва мусодира карданд. Алим Шерзамонов мегӯяд, бародараш бар асоси даъватнома ба бозпурсӣ рафта буд ва иттилои мақомотро дар бораи доштани силоҳ намепазирад.

Ба иттилои пайвандонаш, Муслим Шерзамонов дар аҳди Шӯравӣ техникумро бо ихтисоси сохтмончӣ хатм карда, сипас дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ таърихро омӯхт. Ӯ соҳиби шаш фарзанд ва як ширкати сохтмонӣ дар Хоруғ будааст.

Вазъият дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз моҳи майи имсол ба ин тараф печида аст. Дар ҷараёни амалиёти мақомот дар Хоруғу Рӯшон то ин дам даҳҳо нафар куштаву захмӣ ва даҳҳо каси дигар дастгир шудаанд.

Мақомот ин афродро ба ташкили эътирозу ноамнӣ ва ҷиноятҳои гуногун, аз ҷумла дарёти маблағ аз хориҷа муттаҳам мекунанд, вале наздиконашон мегӯянд, онҳо барои ҳимояти ҳуқуқи худ ва пешгирӣ аз густариши ноамнӣ талош доштанд.

XS
SM
MD
LG