Ссылки доступа

"Фурсат диҳед, қарзи бонкро баргардонем." Чаро таксиҳо ҳадаф қарор гирифтанд? (видео)


Сарафроз Шарифов, сокини 34-солаи шаҳри Душанбе аз ягона манбаи даромадаш маҳрум шудааст. Шарифов дар ширкати “Рахш таксӣ” кор мекард ва инак як ҳафта боз бекор аст.

Ӯ рӯзи 7-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, аз сабаби он ки соли истеҳсоли мошинаш аз 2016 поён аст, кормандони БДА намегузоранд, бо ин мошин дигар таксиронӣ кунад.

В Душанбе таксистам запрещают ездить на машинах старше шести лет
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:43 0:00

"Рейд гузарониданд, чӣ хеле мебинед рақамҳои мошинҳои то соли 2016-ро канда гирифта истодаанд. Рақамро нагирифта мошинро ба хона овардам, ду рӯз мешавад кормандони БДА ба худам занг зада мегӯянд, рақамҳоро бояд оварда супоред. Мо савол додем, ки аз бонк қарз гирифта мошин харидам, баъд ин кори мо чӣ мешавад? Гуфтанд, инаш мушкилоти Шумову ширкат аст, мо ба ин кор надорем"-афзуд, ӯ.

Сарафрозро бештар ин нигарон намудааст, ки тасмими мақомот барои ӯ ва даҳҳо ҳамкораш ногаҳонӣ буд ва агар аз қабл онҳоро огоҳ мекарданд, барои хариди мошин аз бонк қарз намегирифт.

Мошини қаҳрамони гузориши мо истеҳсоли соли 2008 аст. Вай ним сол пеш аз бонк 60 ҳазор сомонӣ қарз гирифта, ин мошинро харид. Мегӯяд, пайдо намудани ҷои кор дар Тоҷикистон осон нест ва барои шурӯи ин кораш зиёд заҳмат низ кашидааст:

"Қариб дуввуним сол заҳмат кашидам, ки мошин гирам. Як каме пул доштам, аз бонк 60 ҳазор гирифтам. Барои ба кор даромадан дар ширкати таксиронӣ низ харҷ кардам. Ҳамагӣ 5 моҳ пеш корро сар кардам, ки ин хел шуд. Вақте ба ширкат ба кор даромадам ин хел гап набуд, ки баъди 5 моҳ коратон қатъ мешавад. Ҳозир кор ёфтан душвор аст. Аз роҳбарон хоҳиш мекунем ягон чораҷӯи кунанд. Ақалан вақт диҳанд, то кор кунем пули бонкро баргардонем. Ҳайрон шудем чӣ кор кунем".

Мисли Сарафроз Шарифов чанд тани дигар ҳам аз гирифтани рақамҳои мошинашон аз сӯи кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ ва аз даст додани ҷои корашон нигаронӣ доранд.

Масъалаи гирифтани як қисм мошинҳои таксӣ дар Душанбе вокунишҳои зиёдро ба миён овард. Аммо то ҳол ҳеч ниҳоде масъаларо шарҳ надодааст. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 2-юми декабр бо пахши хабарномае гуфт, ин ниҳод ташаббускори рейди таксиҳо дар Душанбе нест. Дар изҳороти вазорат омадааст, “Вазорати нақлиёт оид ба ин масъала ягон санади ҳуқуқӣ ва қарор қабул накардааст". Масъулини идораи "Душанбенақлиётхадамотрасон", ки бахши мусофиркашонии Душанберо назорат мекунад ҳозир нашуданд дар назди дурбин масъаларо шарҳ диҳанд.

Ҳамзаалӣ Ғаниев, раҳбари ин ниҳоди зертобеи ҳукумати Душанбе дар сӯҳбати бидуни сабт тасдиқ намуд, ки масъулони ширкатҳои таксиронӣ ба онҳо дар мавриди манъи кори бахше аз таксиҳояшон муроҷиат кардаанд. Вале ба гуфатаи ӯ, аз Бозрасии давлатии автомобилӣ посух дарёфтаанд, ки рейд дар нисбати таксиҳо бар асоси нақшаи кории идораи БДА-и пойтахт аст. Вай аз «бемасъулиятии бархе таксистҳо дар мавриди сари вақт нагузаштан аз муоинаҳои тиббиву техникӣ» изҳори нигаронӣ намуд. Ҳамчунин таъкид кард, ки ин мавзӯро танҳо масъулони БДА метавонанд шарҳ диҳанд.

Дар Бозрасии давлатии автомобилии Душванбе касе ҳозир нашуд мавзӯро шарҳ диҳад. Ин дар ҳолест, ки ронандаҳои таксӣ мехоҳанд сабаби якбора барчидани мошинҳоро донанд.

Ҳафтаи гузашта дар Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки ҳадаф аз ин амал коҳиши шумораи таксиҳо дар пойтахт аст ва бештар мошинҳоеро барои мусофиркашонӣ роҳ медиҳанд, ки нав ҳастанд. Як масъули ин ниҳод рӯзи 1-уми декабр бидуни зикри номаш дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло дар пойтахт 6,5 ҳазор таксӣ фаъол аст, вале дар асл, 4 ҳазору 200 таксӣ барои хизматрасонӣ ба сокинон басанда мебошад. Ин мақомдор гуфт, шумораи аз меъёр бештари таксиҳо боиси танбашавӣ дар роҳҳои пойтахт ва зиёд шудани нақзи қоидаҳои роҳ шудааст.

Вале ронанда Сарафроз Шарифов, ки таҷрибаи беш аз 10 солаи таксиронӣ дорад, чунин иддаро беасос дониста мегӯяд, тамбашавии мошинҳо ва нақзи қойдаҳои роҳ аз беназоратӣ ва роҳ додани ронандаҳои ғайрикасбӣ ба кори мусофиркашонӣ аст.

Рейд нисбати таксиҳо ба гуфтаи сокинон боиси кам шудани ин навъи мусофиркашҳо шудааст. Як пурсиши хабарнигорони Радиои Озодӣ нишон дод, ки назари роҳгузарон дар мавриди кори таксиҳо ва барчидани рақамҳои бахше аз онҳо гуногун аст.

Яке аз ҳамсӯҳбатони мо гуфт, "кори таксиҳо хуб буд, то ҳамон рӯзе, ки рақамҳояшонро гирифтанд. Мисол ман ҳар саҳар писарамро боғчаи кӯдакона мебурдам, телефон мекардам дар се дақиқа таксӣ меомад. Ҳозир чунин нест. Писарамро мегирам вай хоб аст лаб-лаби роҳ 500-600 метр меравам, агар ягон таксӣ ёбам мешинам. Кам шуданд. Кор мушкил шуд".

Мусоҳиби дигар афзуд, ки " аз таксистҳо миннатдорам, ки соатҳои 2 ё 3-и шаб ҳар вақте занг занем дар ҳудуди шаҳр омада хизматрасонӣ мекунанд".

"Кадоме аз таксистҳое, ки хуб муомила мекунанд, онҳоро эҳтиром мекунанд. Вале ҳастанд таксистҳое, ки муомилаи хуб надоранду ба муштариён ба таври зарурӣ хизматрасонӣ намекунанд"-гуфт, яке аз роҳгузарони дигар.

Тасмими мақомот дар мавриди манъи кори таксиҳои истеҳсолашон то соли 2016, агар воқеият дошта бошад, ин метавонад даҳо сокини дигарро мисли Сарафроз Шарифов, ронандаи ширкати "Рахштаксӣ" аз ҷои кор маҳрум созад.

Тибқи иттилои расмӣ, феълан дар Душанбе бештар аз чаҳор ҳазор таксӣ, ки дар ширкатҳои таксирони расман сабт шудаанд, фаъолият мебаранд. Вале масъулон тасдиқ мекунанд, ки дар асл шумори таксиҳо аз ин омор бештар аст.

XS
SM
MD
LG