Ссылки доступа

Бештар аз сад донишҷӯи узбекистонӣ аз як донишгоҳи Қирғизистон ихроҷ шуданд


Узбекские студенты в Кыргызстане. Иллюстративное фото

Бештар аз сад донишҷӯи узбекистонӣ, ки дар факултаи тиббии Донишгоҳи давлатии Ҷалолободи Қирғизистон таҳсил мекарданд, ихроҷ шудаанд. Намояндаи донишгоҳ гуфт, донишҷӯён дар бисёре аз дарсҳо иштирок надоштанд. Донишҷӯён дар навбати худ мегӯянд, аз онҳо "маблағ" мехоҳанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори эътирози донишҷӯён нашр шуд.

"Агар мо назди садорат наравем, вай моро намешунавад. Моро одам намеҳисобанд... Мо аз соли аввал инҷо таҳсил мекунем, аммо ба мо анатомия дарс намедиҳанд. Бидуни донистани анатомия мо чи гуна табиб мешавем. Пул бидиҳӣ - дар донишгоҳ мемонӣ, касе пул надорад - ихроҷ мешавад. Чи кор бояд бикунем?", - мегӯяд яке аз донишҷӯён дар навор.

Омӯзгори факулта Аскар Сейдалиев изҳороти донишҷӯёнро дар бораи талаб кардани пул дар ивази набудан дар дарсҳо тасдиқ кард.

Гулбар Тошиева, декани факулта, баракс, мегӯяд, донишҷӯёне, ки дар дарсҳои зиёд ширкат надоштанд, пештар огоҳ шуда буданд, ки ихроҷ мешаванд.

Вай илова кард, бештар аз 50 донишҷӯ аз Покистону Ҳиндустон низ барои иштирок накардан дар дасрҳо ихроҷ шудаанд.

Дар Донишгоҳи давлатии Ҷалолободи Қирғизистон, ки 3300 донишҷӯ дорад, 400 донишҷӯи он аз Узбекистон ҳастанд. Ба ҷуз ин зиёда аз ҳазор донишҷӯ аз Ҳиндустон, Покистон ва Бангладеш барои таҳсил омадаанд.

XS
SM
MD
LG