Ссылки доступа

Толибон дар Афғонистон пулиси занона таъсис доданд


Ҳаракати тундгароёнаи "Толибон", ки дар Афғонистон сари қудрат омад, бахши пулиси занона таъсис додааст.

Барои кор дар ин бахш заноне даъват мешаванд, ки дар вазорати корҳои дохилии ҳукумати пешини Афғонистон фаъолият мекарданд. Наздики 100 зан барои кор дар бахши занонаи пулис омода мешаванд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, толибон мехоҳанд, бо ин шева аз вокуниши ҷомеа ба хушунатҳо нисбати занон пешгирӣ кунанд ва ҳангоми сар задани эътирозҳои занон пулисзанҳоро равона кунанд.

Чанд рӯз пеш дар шаҳри Кобули Афғонистон хатмкардаҳои донишгоҳҳо бо талаби иҷозаи таълим додани занон ва кори онҳо дар муассисаҳои давлатӣ роҳпаймоӣ карданд.

XS
SM
MD
LG