Ссылки доступа

Туркия дар барқарорсозии зербиноиҳои харобшудаи Украина иштирок мекунад


Вазири зербиноии Украина Александр Кубраков ва вазири савдои Туркия Меҳмет Муш Ёддошти тафоҳумеро имзо карданд, ки ширкати Анқараро дар барқарорсозии баъдиҷанги он кишвар пешбинӣ мекунад.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии президенти Украина, имзои ёддошт дар чаҳорчӯби гуфтугӯҳои раисҷумҳури ин кишвар Владимир Зеленский бо ҳамтои туркаш Раҷаб Эрдуғон, ки дар Лвов баргузор шуда буд, сурат гирифтааст.

Яке аз нахустин лоиҳаҳо дар ин замина барқарорсозии пуле дар деҳаи Романовкаи вилояти Киеви Украина гуфта мешавад, ки Буча ва Ирпенро бо пойтахти он кишвар мепайвандад.

Гурӯҳи кории муштараки Украинаву Туркия оид ба масъалаҳои барқарорсозӣ дар ояндаи наздик таъсис ёфта, он механизмҳои ҷалби сармояи туркиро ба лоиҳаҳои мушаххас таҳия мекунад.

XS
SM
MD
LG