Ссылки доступа

Туркия ба амалиёти низомӣ дар шимоли Сурия омода шудааст


Архивное фото
Архивное фото

Раҷаб Эрдуғон, президенти Туркия дар мулоқот бо Ҳизби адолат ва рушд гуфт, ки кишвараш омодаи шуруъи амалиёти низомӣ зидди неруҳои мусаллаҳи мардумии Сурия аст.

Дар ин бора расонаҳои Туркия рӯзи 1 июн хабар доданд.

Неруҳои мусаллаҳи Сурия, ки аз аҳолии курдтабори Сурия ташкил шудааст дар Туркия созмони террористӣ дониста мешавад. Ин созмони мусаллаҳ қисмати бештари шимолу шарқи Сурияро таҳти назорат дорад. Созмони мазкур бо кӯмаки кишварҳои ғарбӣ дар мубориза зидди гуруҳи "Давлати исломӣ" ширкат дошт. Эрдуғон амалиёти зидди Неруҳои мусаллаҳи Сурияро барои ташкили минтақаи буферии 30-километрӣ байни Туркия ва Сурия муҳим медонад.

Туркия пайваста зидди кӯмак ба Неруҳои мусаллаҳи Сурия буд. Ба бовари Туркия, ин созмон бо Ҳизби коргари Курдистон пайвандӣ дорад. Ҳизби коргари Курдистон дар навбати худ, ташкили минтақаи мухтори курднишинро дар Туркия талаб дорад.

Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен Туркияро аз амалиёти нав ҳушдор дод ва даъват кард, хатти оташбасеро риоя кунад, ки соли 2019 таъйин шуда буд. "Амалиёти низомӣ - он чизест, ки мо зиддаш ҳастем", - гуфт Блинкен рӯзи чаҳоршанбеи 1 июн.

Туркия шуруъ аз соли 2016 дар Сурия чаҳор амалиёти низомӣ анҷом додааст ва ба ин тартиб, қисме аз минтақаҳои шимолии Сурияро таҳти назорат дорад.

XS
SM
MD
LG