Ссылки доступа

Туркия дар Украина корхонаи истеҳсоли "Байрактар" месозад


Ширкати туркии Baykar дар ҳудуди Украина корхонаи истеҳсоли бесарнишинҳои зарбазани "Байрактар" месозад. Дар ин бора сафири Украина дар Туркия Василий Боднар хабар дод.

Ин дипломат гуфт, ки Baykar ширкат таъсис дода ва қитъаи замин низ барои сохтмони корхона дарёфт кардааст.

Сафир илова кард, ширкатҳои украиние, ки муҳаррик, чарх ва дигар қисмҳои эҳтиётӣ истеҳсол мекунанд, ба истеҳсоли "Байрактар"-ҳо ҷалб мешаванд.

Ин дар ҳолест, ки пештар аз ин Раҷаб Эрдуғон, президенти Туркия гуфт, ҳамтои русаш Владимир Путин хоҳони ҳамкорӣ бо ширкати Baykar аст. Дертар дар саноати мудофиаи Туркия гуфтанд, масъалаи эҳтимоли ҳамкорӣ бо Русияро баррасӣ намекунанд.

Рӯзи 18 июл мудири иҷроияи Baykar Халук Байрактар дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ки Украинаро дар муборизааш барои истиқлолу тамомияти арзӣ ҳимоят мекунад ва иҷоза намедиҳад, ки бесарнишинҳо ба Русия фурӯхта шаванд.

Бесарнишинҳои истеҳсоли Туркия аз соли 2021 дар артиши Украина истифода мешаванд. Баъди оғози ҷанги Русия зидди Украина ирсоли бесарнишинҳои туркӣ ба Украина боиси эътирози Русия шуд. Дар ниҳоят Туркия фурӯши "Байрактар"-ҳоро ба Киев махфӣ кард.

Шарики тиҷорӣ ва мудири техникии ширкати Baykar - Салчуқ Байрактар - домоди Раҷаб Эрдуғон аст.

XS
SM
MD
LG