Ссылки доступа

Президенти пешини Молдова Игор Додон барои 72 соат боздошт шуд


 Игорь Додон (архивное фото)
Игорь Додон (архивное фото)

Игор Додон, президенти пешини Молдова дар доираи парвандаи хиёнат ба давлат барои 72 соат боздошт шуд. Дар ин бора сухангӯи додситонии кулли Молдова Марианна Кёрпек хабар дод.

Субҳи рӯзи сешанбеи 24 май Додситонии зиддифасоди Молдова ва Хадамоти иттилооту амнияти он кишвар дар манзиди Додон ва 11 иншооти дигар, бо гумони фасодкорӣ, сарватандузии ғайриқонунӣ ва хиёнат ба давлат кофтукоб гузарониданд.

Додситонии кулли Молдова рӯзи 18 май нисбати Додон парванда кушода буд. Ӯро дар гирифтани пора аз олигархи молдавӣ Владимир Плахотнюк гумонбар мекунанд. Як наворе, ки соли 2019 сабт шудааст, сабаби боз шудани парванда гардид. Дар навор дида мешавад, ки чи гуна Плахотнюк талош дорад, ба Додони он замон президент як бастаи сиёҳро бидиҳад. Додон бастаро нагирифта, амр кард, ки он ба "Коста" дода шавад. Дар навор ҳамчунин дида мешавад, ки Додон бо Плахотнюк дар бораи таъсиси ҷиноҳи порлумонӣ суҳбат мекунанд. Додон дар он суҳбат гуфтааст, ки "доим ба Путин нома менависад".

Баъди нашри ин навор тафтиш шуруъ шуд. Додон ҳамаи айбҳоро рад мекунад.

Нисбати Плахотнюк дар Молдова парвандаи ҷиноие дар робита ба қаллобии молӣ дар ҳаҷми калон тафтиш мешавад. Дар Русия низ нисбати Плахотнюк чанд парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Москва Плахотнюкро дар пайгарди байналхалқӣ эълом кардааст.

Додон сиёсатмадори русиягаро шинохта мешавад, ки дар давраи президентиаш борҳо ба Москва сафар карда, дар Рӯзи ғалаба низ дар Майдони сурх ширкат дошт.

XS
SM
MD
LG