Ссылки доступа

Украина ва Молдова ба таври расмӣ номзад ба узвият дар Иттиҳоди Аврупо шуданд


Бо тасмими раҳбарони Иттиҳоди Аврупо рӯзи панҷшанбеи 23-юми июн Украина ба таври расмӣ номзади узвият дар ин иттиҳод шуд. Як таҳаввули геополитикии бузург, ки дар Киев ва Бруссел онро "лаҳзаи таърихӣ" номидаанд.

Агарчи раванди қабули Украина ба Иттиҳоди Аврупо метавонад даҳ сол давом кунад, аммо тасмими Иттиҳоди Аврупо барои пазириши расмии номзадии ин кишвар нишон медиҳад, ки Бруссел азми қавӣ дорад, то дар кишварҳои Иттиҳоди Шӯравии пешин нуфузи амиқ дошта бошад.

Ҷозеп Боррел, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо гуфт, "мардуми Украина узви хонаводаи Аврупо ҳастанд. Ояндаи Украина бо Иттиҳоди Аврупо гиреҳ хӯрдааст. Имрӯз оғози як сафари тӯлонӣ аст, ки бо якдигар тай хоҳем кард."

Ҳамлаи низомии Русия боис шуд, то Украина ба таври расмӣ дархости узвият дар Иттиҳоди Аврупо бикунад ва Бруссел низ бо суръат ба номзадии он мувофиқат кард.

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина бо нашри паёме дар "Твиттер" тасмими Иттиҳоди Аврупоро "таърихӣ" номид ва навишт, ки "ояндаи Украина дар Иттиҳоди Аврупост".

Шаш сол пас аз он рӯзе, ки бритониёҳо раъй ба хуруҷи кишвари худ аз Иттиҳоди Аврупо доданд, Молдова низ монанди ҳамсоякишвари худ Украина ба таври расмӣ номзади узвият дар ин иттиҳод шуд.

Ҳамчунин ба Гурҷистон, дигар кишвари узви пешини Иттиҳоди Шӯравӣ низ гуфта шуд, ки дар сурати амалӣ кардани бархе шартҳо, ин кишвар ҳам ба таври расмӣ номзади узвият дар Иттиҳоди Аврупо хоҳад шуд.

Масъалаи номзадии Украина дар Иттиҳоди Аврупо чанд рӯз пеш аз сӯи раҳбарони Фаронса, Олмон ва Италия дар ҷараёни дидор аз Киев ва гуфтугӯ бо Владимир Зеленский матраҳ шуд ва пешбинӣ мешуд, ки Комиссияи Аврупо ба зудӣ ин тасмимро расман эълон мекунад.

XS
SM
MD
LG