Ссылки доступа

Украина гуфт, аз оғози ҷанги Русия 9 ҳазор низомиаш кушта шудааст


Валерий Залужин, сарфармондеҳи неруҳои мусаллаҳи Украина гуфт, аз оғози ҷанги Русия 9 ҳазор низомии украин кушта шудааст. Ин нахустин иттилои расмии фармондеҳии низомӣ дар бораи талафоти Украина аст.

Охири моҳи июни соли ҷорӣ мушовири дастгоҳи президенти Украина Алексей Арестович аз марги 10 ҳазор низомӣ хабар дода буд.

Мақомоти Русия бори охир дар моҳи апрел гуфта буданд, ки 23 367 низомии Украинаро нобуд кардаанд. Баъди он ҳар дафъа аз кушта шудани низомиҳои украин дар ҳамлаҳои алоҳида хабар медиҳанд.

Нашрияи "Проект" ҳисоб кардааст, агар ҳамаи рақамҳои эълонкардаи мақомоти Русия дар бораи талафоти низомиҳои Украина ҷамъ карда шавад, дар ин ҳолат, Украина бештар аз 50 ҳазор низомӣ талаф додааст.

XS
SM
MD
LG