Ссылки доступа

Украина муносибатҳои дипломатиро бо Куриёи Шимолӣ барҳам дод


Вазорати корҳои хориҷии Украина хабар дод, ки бо Куриёи Шимолӣ муносибатҳои дипломатиро барҳам додааст. Куриёи Шимолӣ ахиран давлатҳои худхондаи Донетск ва Луганскро эътироф кард.

"Ин тасмимро ҳамчун барҳамзании ягонагӣ ва тамомияти арзии Украина аз ҷониби Куриёи Шимолӣ баҳо медиҳад, помолсозии Конститутсияи Украина, Оинноми СММ ва меъёрҳои асосӣ ва усулҳои ҳуқуқи байналхалқӣ медонем", - омадааст дар изҳороти вазорати корҳои хориҷии Украина.

Вазорати корҳои хориҷии Украина мегӯяд, бо Куриёи Шимолӣ ба далели эълом шудани таҳримҳои байналхалқӣ нисбати ин кишвар, ҳеч муносибати сиёсӣ ва иқтисодӣ мавҷуд набуд.

"Русия дар дунё дигар ҳампаймон надорад, ба ҷуз аз кишварҳое, ки аз ҷиҳати молӣ ва сиёсӣ аз вай вобаста ҳастанд. Сатҳи ба инзиво расидани Русия ба зудӣ ба сатҳи инзивои Куриёи Шимолӣ баробар мешавад", - гуфт Дмитрий Кулеба, вазири корҳои хориҷии Украина.

Дар бораи эътироф шудани ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск ва Луганск аз сӯи Куриёи Шимолӣ нахуст Донетс ва баъдтар хабаргузориҳои давлатии Русия иттилоъ доданд. Ин хабарро дар сафорати Куриёи Шимолӣ тасдиқ карданд.

Куриёи Шимолӣ, ки яке аз пӯшидатарин ва ноозодтарин кишварҳои дунё унвон мешавад, баъд аз Русияву Сурия севумин кишвари узви СММ аст, ки ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск ва Луганскро эътироф мекунад.

XS
SM
MD
LG