Ссылки доступа

Худмухтории Қароқалпоқистон дар Конститутсияи Узбекистон ҳифз мешавад


Порлумони Узбекистон тасмим гирифтааст, ки мақоми худмухтории Ҷумҳурии Қароқалпоқистон дар тарҳи Конститутсияи ин кишвар ҳифз карда шавад.

Ин тасмим дар пайи эътирозҳои сокинони Қароқалпоқистон гирифта шуд.

"Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар вохӯрӣ бо вакилони порлумон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ қайд кард, ки ҳамаи пешниҳодҳо бояд ба инобат гирифта шавад", - омадааст дар иттилоияи порлумони Узбекистон.

Сокинони Қароқалпоқистон панҷ рӯзи охир ба зидди тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Узбекистон эътироз карданд. Матни ислоҳҳо рӯзи 26-уми июн барои баррасӣ ба муҳокимаи умум гузошта шуд. Дар банди вобаста ба мақоми Қароқалпоқистон калимаи "мустақил"-ро бардоштаанд ва дар он ишорае ба ҳаққи ҷудо шудани ин ҷумҳурии мухтор аз қаламрави Узбекистон нест.

Раисиҷумҳури Узбекистон рӯзи 2-юми июл гуфт, ислоҳи панҷ моддаи Конститутсияи Узбекистон, ки ба истиқлоли Қароқалпоқистон пайванд дорад ва боиси норозигии мардум шудааст, "бетағйир гузошта шавад".

Ҷумҳурии Қароқалпоқистон 40 дар сади қаламрави Узбекистонро ташкил медиҳад ва аҳолиаш тақрибан 2 миллион нафар аст. Забони расмии он қароқалпоқӣ ва узбекӣ аст. Дар солҳои аввали Шӯравии собиқ Вилояти Мухтори Қароқалпоқистон вуҷуд дошт, ки соли 1936 ба қаламрави Узбекистон ҳамроҳ карда шуд.

Дар оғози солҳои 90-ум, баъди пошхӯрии Шӯравӣ, Шӯрои Олии Қароқалпоқистон Эъломияи истиқлол қабул кард ва соли 1993 аҳдномаи байнидавлатӣ дар бораи ба қаламрави Узбекистон ворид шудани Қароқалпоқистон имзо шуд.

Маҳз дар ҳамин аҳднома ҳаққи берун шудани Қароқалпоқистон аз ҳайати Узбекистон зикр шудааст ва айни чиз дар Конститутсияи Узбекистон низ ҳаст.

XS
SM
MD
LG