Ссылки доступа

Толибон дар Афғонистон шариатро ҷорӣ мекунад


Ҳайбатуллоҳ Охундзода, раҳбари ҳукумати гуруҳи Толибон дар Афғонистон ба додрасҳои ин кишвар дастур додааст, ки ҳангоми муҳокима ва содир кардани ҳукмҳои худ ба қонунҳои шариати Ислом такя кунанд.

Охундзода аз додрасҳо хостааст, ба ҷиноятҳое, ки тибқи шариати исломӣ ба гурӯҳи "ҳудуд" дохил мешаванд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир шавад. Ба гуфтаи ӯ, муҷозоти ин навъи ҷиноятҳо муқаррар карда шудааст ва он набояд сабуктар шавад. Ба навъи мазкури ҷиноятҳо, аз ҷумла дуздӣ, ғоратгарӣ, зино, истеъмоли машрубот ва муртад шудан шомил аст.

Ҳомиёни ҳуқуқ нигаронанд, ки ҳамагуна фаъолияти шаҳрвандии мухолиф ба ақидаи гуруҳи Толибон метавонад ҳамчун муртад шудан арзёбӣ шавад.

Аз замони ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон дар соли гузашта наворҳои муҷозоти оммавии ҷинояткорон дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешаванд. Пулиси Толибон ҳамчунин ҷасади ҷинояткоронро, ки гуфта мешавад дар ҷараёни боздошт кушта шудаанд, ба таври оммавӣ намоиш медиҳад.

XS
SM
MD
LG