Ссылки доступа

Мудири пешини Internews Манана Асламазян дар Ереван даргузашт


Манана Асламазян

Собиқ мудири кулли Бунёди "Internews" ва барандаи ҷоизаи ТЭФИ Манана Асламазян дар Ереван даргузашт. Рӯзноманигор Виктор Мучник дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук хабар дод, ки Асламазян зери чархи мошин мондааст.

"Имрӯз қалби Асламазян дар Ереван аз тапидан бозмонд. Ӯро мошин пахш кард. Мо 30 сол боз дӯст будем ва бояд имшаб вомехӯрдем”, — навиштааст Мучник.

Манана Асламазян 10 январи соли 1952 дар Ереван таваллуд шудааст. Асламазян дар Русия Бунёди Интернюсро, ки як бахши Анҷумани байналмилалии Интернюс дар Амрико буду аз расонаҳои мустақил ҳимоят кардааст, раҳбарӣ мекард.

Вай соли 2002 ба узвияти Иттиҳодияи миллии пахши барномаҳо интихоб, вале баъди панҷ сол ба далели парвандаи қочоқи асъор ихроҷ шуд.

Асламазян гӯё аз Фаронса ба Русия ба ҷои даҳ ҳазор доллари иҷозатдодашуда 9,5 ҳазор евро ворид кардааст. Худи ӯ гуфт, ки фарқияти қурби асъорро ба назар нагирифтааст. Пас аз ин рӯзноманигор Русия ва бунёди Интернюсро тарк кард ва ҳамин тариқ бахши русии Интернюс ҳам аз фаъолият бозмонд.

XS
SM
MD
LG