Ссылки доступа

Оғози ҳамлаҳои мушакӣ ба Харков. 7 кас кушта шуд


Шаҳрдори Харкови Украина Игор Терехов гуфт, дар натиҷаи афтидани як мушак ба бинои истиқоматие дар ноҳияи Салтовский 7 нафар, аз ҷумла як кудаки 11-сола кушта ва 17 тани дигар захмӣ шудааст.

Президенти Украина Владимир Зеленский дар паёмакрасони Телеграм навишт, ки бинои тирбороншуда хобгоҳ буд. Ӯ ин ҳамларо "зарбаи зишт ва таҳқиромез алайҳи мардуми осоишта" номид.

Бино ба хабарҳо, субҳи имрӯз зарбаи мушакӣ ба Харков дубора оғоз гардидааст. Ба гуфтаи Терехов, ба шаҳр дасти кам 5 мушак партоб шудааст

Яке аз мушакҳо ба болои бинои хобгоҳе дар ноҳияи Слободский афтодааст. Тибқи маълумоти пешакӣ, дар натиҷа 1 нафар ҷон бохта, 18 тани дигар, аз ҷумла ду кудак захм бардоштааст.

Вазорати дифои Русия то ҳол ин зарбаҳоро шарҳ надодааст.

XS
SM
MD
LG