Ссылки доступа

Пулиси Хорватия узви "Pussy Riot" Ойсултон Ниёзоваро боздошт кард


Айсолтан Ниязова

Пулиси Хорватия бо дархости ҷониби Туркманистон тавассути Интерпол Ойсултон Ниёзова, узви дастаи ҳунарии Pussy Riot-ро дастгир кардааст.

Тасмими истирдоди Ниёзоваро ба ватан бояд додгоҳи Хорватия бигирад.

Туркманистон соли 2002 Ниёзоваро бо иттиҳоми аз худ кардани 40 миллион доллари Бонки марказии он кишвар таҳти пайгарди қонунӣ қарор додааст. Узви Pussy Riot иддао дорад, ки ин айб сохта ва парванда алайҳаш ангезаи сиёсӣ дорад. Зеро падари ӯ дар канори мухолифин буд ва дар зиндон даргузашт.

Ниёзова ҳафтаи гузашта дар Словения боздошт шуда буд, вале додгоҳ вайро баъд аз 10 соат раҳо кард. Пас аз ин, гурӯҳ ба Хорватия сафар кард ва фаъоли туркманро дар гузаргоҳи марзӣ бо Словения боздошт карданд.

XS
SM
MD
LG