Дар ин бора хабаргузории CNN, Reuters ва Франс-Пресс бо такя ба бародари Фарида - Муҳаммад Муродхонӣ, ки дар Фаронса зиндагӣ мекунад, хабар доданд. Бародари Фарида видеоеро нашр кард, ки хоҳараш пез аз боздошти худ, рӯзи 23 ноябри имсол сабт кардаааст.
"Мардуми озод, бо мо бошед ва ба ҳукуматҳои худ бигӯед, то дастгирии ин режими хунхорро, ки кӯдаконро мекушад, қатъ кунанд. Ин режим ба ягон рукни динии худ пойбанд нест ва ба ҷуз аз нерӯ ва ҳифзи қудрат, ягон қонун ва қоидаро намешиносад", - изҳор доштааст Муродхонӣ.
Ба гуфтаи вай, "эрониҳо бо онҳое, ки аз Теҳрони расмӣ пуштибонӣ мекунанд, дар ҷанг ҳастанд ва аз давлатҳои демократӣ мехоҳанд, то намояндагони худро аз ин кишвар хориҷ ва "ҳама гуна муомиларо бо Теҳрон қатъ кунанд".
Маълум нест, ки видео кай ва дар куҷо сабт шудааст.
Фарида ва Маҳмуд Муродхонӣ фарзандони руҳонии маъруфи мухолифи эронӣ Алӣ Теҳронӣ мебошанд, ки моҳи октябри имсол даргузашт. Ӯ бо хоҳари Хоманаӣ издивоҷ карда буд.