Ссылки доступа

Гармии ҳаво дар Испания боиси марги 360 кас шудааст


Пажӯҳишгоҳи тандурустии ҷамъиятии Испания гуфт, гармии ҳаво алакай боиси марги 360 кас дар ин кишвар шудааст.

Аз ҳама бештар фавти сокион дар рӯзи ҷумъаи гузашта ба қайд гирифтааст, ки шуморашон ба 123 мерасид. Дар ҷануби Аврупо аз 8 июл ба ин сӯ ҳаво сахт гарм шуда, ҳарорати он дар баъзе аз минтақаҳои Испания ба 45 расидааст.

Ҳарорати ҳаво дар Португалия низ сахт гарм шуда, тибқи маълумоти вазорати тандурустии он кишвар, аз 7 то 13 июл 238 нафар дар натиҷаи гармии ҳаво ҷон додааст. Ҳаво дар Португалия 14 июл 47 дараҷа гарм шудааст, ки дар таърихи он кишвар бесобиқа мебошад.

Сӯхтор дар ҷангалҳои ҷанубу ғарби Аврупо дар натиҷаи гармо ва шамоли сахт идома дорад. Беш аз 14000 сокини Фаронса ба далели оташсӯзӣ дар ҷангалҳо ба ҷои дигар кучонида шудааст. Сӯхтор аллакай 10000 ҳектарро фаро гирифтаааст.

XS
SM
MD
LG