Ссылки доступа

Иҷозатномаи кори телевизиони русии "Дождь"-ро дар Латвия бекор карданд


Шӯрои миллии расонаҳои электронии Латвия иҷозатномаи кори телевизиони "Дождь"-ро бекор кардааст. Ин тасмим дар робита ба таҳдид ба амнияти миллии Латвия гирифта шудааст.

"Ҳама бояд қонунҳои Латвияро эҳтиром кунад. Қонуншиканиҳои телевизион шӯроро ба ин хулоса расонд, ки роҳбарияти "Дождь" муҳимият ва ҷиддияти қонуншиканиҳоро дарк намекунад, ба ҳамин хотир наметавонад, дар ҳудуди Латвия фаъолият кунад", - гуфт раиси шӯро Иварс Аболинш.

Ҳафтаи гузашта шӯро телевизиони "Дождь"-ро барои нишон додани харитае, ки дар он Қрим ҳудуди Русия инъикос шудааст, 10 ҳазор евро ҷарима баст. Он замон Аболинш гуфта буд, ки ин дувумин қонуншикании телевизион дар чанд моҳи охир аст. Вай гуфта буд, ки барои се қонуншикании ҷиддӣ метавонанд, иҷозатномаи фаъолияти "Дождь"-ро бекор кунанд.

Баъди ҳарфҳои ровии телевизиони мазкур Алексей Коростелёв дар бахши мустақими рӯзи 1 декабр хадамоти амнияти Латвия пажуҳишеро шуруъ ва телевизиони "Дождь"-ро дар расонидани кӯмак ба артиши Русия гумонбар кард. Коростелёв дар пахши мустақим гуфт: "Мо умед дорем, ки ба бисёре аз низомиҳо, аз ҷумла мо, тавонистем, ки кӯмак расонем, барои мисол, бо васоил ва шароити оддӣ дар ҷабҳа".

Рӯзи баъд телевизиони "Дождь" барои ин ҳарфҳо аз бинанда узрхоҳӣ ва ҳамкориро бо Коростелёв қатъ кард. Ровӣ гуфт, дар пахши мустақим ба иштибоҳ роҳ додааст ва "омода аст, ки барои ҳалли масъалаи телевизион аз кор равад".

Анна Монгайт, ровии дигари телевизиони "Дождь" гуфт, ин телевизион ба фаъолияташ дар ютюб идома медиҳад.

Телевизиони мазкур соли 2008 дар Москва таъсис шудааст. Соли 2014 баъди назарсанҷӣ дар бораи муҳосираи Ленинград бисёре аз ширкатҳои кабелӣ ва моҳвораӣ қарордодро бо телевизион қатъ карданд. Соли 2021 "Дождь" дар Русия ба рӯйхати "агентҳои хориҷӣ" шомил карда шуд.

Соли 2022, баъди ҳамлаи Русия ба Украина, мақомоти Русия "Дождь"-ро бастанд. Мисли бисёре аз расонаҳои мустақил, ин телевизион маҷбур шуд фаъолияташро қатъ кунад. Моҳи июни соли ҷорӣ маълум шуд, ки телевизион дар Латвия иҷозатномаи пахши барномаҳояшро пайдо кардааст.

XS
SM
MD
LG