Ссылки доступа

Маркази тиҷоратии "Сетунь Плаза"-и Москва оташ гирифтааст


Иллюстративное фото

Дар коргоҳи "Гранд Сетунь Плаза" дар шаҳри Москваи Русия сӯхтор ба амал омадааст. Мақомоти ҳолатҳои фавқулодаи пойтахти Русия сар задани сӯхторро тасдиқ карда, гуфтанд, беш аз 120 кас ба ҷои бехавф интиқол дода шуд.

Ба гуфтаи манбаи Хабаргузории Интерфакс, эҳтимол дорад, одамон ба далели оташсӯзӣ дар ошёнаҳои болоии бино дармонанд. Ҳоло оташнишонҳо 15 корманди маркази тиҷоратиро ҷустуҷӯ доранд, ки бо онҳо тамос гирифта намешавад.

Манбаи Хабаргузории ТАСС гуфтааст, дар ошёнаҳои шашум ва ҳафтуми бино то 20 нафар буда метавонанд.

Оташ ба далели зиёд будани маводи синтетикӣ дар фаршҳо зуд паҳн мешавад. Барои хомуш кардани алангаи оташ 200 нафар оташнишон ҷалб шудааст. Вазири ҳолатҳои фавқулодаи Русия Александр Куренков ба маҳалли ҳодиса рафтааст.

XS
SM
MD
LG