Ссылки доступа

Сарвазири пешини Покистон тир хӯрд


Хан (в центре) и его сторонники

Дар Покистон дар натиҷаи як тирпарронӣ сарвазири пешини он кишвар Имрон Хон маҷруҳ шуд.

Ин тирпарронӣ дар шаҳри Вазиробод, дар тақрибан 200-километрии шаҳри Исломобод рух додааст. Имрон Хон бо ҳамҳизбонаш ба сафари таблиғотии интихоботӣ баромадааст. Дар натиҷаи ин тирпарронӣ чанд одам маҷруҳ шуда, аз кушта шудани як нафар низ хабар мерасад.

Имрон Хон аз пояш захм бардошта ва дар бемористон бистарист. Пизишкон вазъи ӯро муътадил арзёбӣ карданд. Сарвазири кунунии Покистон Шаҳбоз Шариф ҳамларо маҳкум ва ба таҳқиқи он дастур дод.

Имрон Хон моҳи апрели соли ҷорӣ ба истеъфо фиристода шуд. Ҳоло вай мухолифини Покистонро роҳбарӣ мекунад. Бо қарор додгоҳ Имрон Хон аз ҳаққи иштирок дар интихоботи пешорӯ маҳрум шудааст, аммо ҷонибдоронаш ҷиддан ба ин маърака омодагӣ мегиранд.

XS
SM
MD
LG