Ссылки доступа

Дар Перу баъди эътирозҳои оммавӣ ҳолати фавқулода эълом карданд


Ҳукумати нави Перу дар посух ба эътирозҳои мардумӣ барои 30 рӯз вазъи фавқулода ҷорӣ кард. Эътирозҳо баъди эъломи нобоварӣ нисбати президенти пешин Педро Кастило шуруъ шуданд.

Бар асоси вазъи фавқулода, шаҳрвандони Перу ҳаққи гирдиҳамоӣ ва равуо дар кишварро надоранд. Пулис ҳақ пайдо кардааст, ки бо кӯмаки низомиҳо, бидуни иҷозаи додгоҳ дар манизил сокинон кофтукоб анҷом диҳад. Ба ҷуз ин ҳукумати Перу масъалаи ҷорӣ кардани қуюди шабгардиро баррасӣ дорад.

Вазири мудофиаи Перу гуфт, ин чораҳо ба хотири таъмини тартибот, ҳифзи ҳазорон хонавода ва иқтисоди кишвар рӯи даст гирифта шудаанд.

Эътирозҳои дар Перу ҳафтаи гузашта баъди он шуруъ шуданд, ки порлумон ба президент Педро Кастило раъйи беэътимодӣ эълом кард. Кастило талош дошт, порлумонро пароканда созад, аммо порлумон ба барканории Кастило раъй дод. Ҳоло президенти пешин дар боздошт аст ва дар сӯистифода аз мақом ва талоши табаддулот айбдор мешавад. Ноиб-президент Дина Болуарт дар курсии президент нишастааст.

Ширкатдорон эътирозҳо кӯчаҳоро мебанданд ва ба кори фурудгоҳҳо монеа эҷод мекунанд. Онҳо раҳоии Кастило, истеъфои Болуарт ва таъйини интихоботи пеш аз муҳлатро талаб доранд. Эътирозгарон чанд идораи пулис, додситонӣ ва андозро оташ задаанд. Дар ҷараёни рӯёрӯӣ бо пулис ҳадди ақал 8 одам кушта шудааст, ки миёнашон наврасон низ ҳастанд. Расонаҳо аз захмӣ шудани бештар аз 20 кас хабар медиҳанд.

Педро Кастило дар Перу моҳи июни соли 2021 президент интихоб шуд. Аз он замон порлумон ду дафъа талош кард, ки нисбати вай беэътимодӣ эълом кунад. Танҳо дар дафъаи севум муваффақ шуд.

XS
SM
MD
LG