Ссылки доступа

Дар натиҷаи тирборони Днепри Украина бештар аз 20 кас маҷруҳ шуданд


Ракетный удар по Днепру, 17 ноября 2022 года

Дар натиҷаи ҳамлаҳои артиши Русия дар Днепри Украина бештар аз 20 кас ҷароҳат бардоштанд. Дар ин бора роҳбари маъмурияти маҳаллӣ Валентин Резниченко хабар дод.

Ба гуфтаи вай, ҳамлаҳо ба минтақаҳои аҳолинишини шаҳр замоне сурат гирифт, ки сокинон дар кӯча буданд.

Президенти Украина Владимир Зеленский навори ҳамла ба Днепрро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кард. "Давлати террористӣ воқеан мехоҳад, ба украинҳо ҳарчӣ бештар дарду ранҷ орад", - навишт Зеленский.

Дар вилояти Запороже дар натиҷаи ҳамлаҳои мушакии Русия шаби 17 ноябр 4 кас кушта шуд.

Артиши Русия ҳамчунин ба ноҳияи Изюмски вилояти Харков мушак партоб кард.

Ба иттилои мақомоти низомии Украина, дар шаш рӯзи охир артиши Русия ба Украина қариб 150 мушак партоб кардааст. Аз 11 ноябр ба ин тараф низомиҳои Украина тавонистанд, ки бештар аз 100 мушаки партобкардаи Русияро суқут диҳанд.

XS
SM
MD
LG