Ссылки доступа

Тумсо Абдураҳмонов - мунаққиди Рамзан Қодиров дар Шветсия кушта шудааст - расонаҳо


 Тумсо Абдурахманов
Тумсо Абдурахманов

Тумсо Абдураҳмонов, мунаққид ва мухолифи роҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров, дар Шветсия кушта шудааст. Дар ин бора саҳифаи телеграмии 1ADAT, бо такя ба манобеи худ дар Аврупо ва Чеченистон хабар медиҳад.

Ҳампаймонони Абдураҳмонов ин иттилоъро дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кардаанд.

Мақомоти Шветсия ҳанӯз ин иттилоъро тасдиқ ё рад накардаанд.

Бино ба хабарҳои нашршуда, Абдураҳмонов шаби 1 ба 2 декабр дар Шветсия парронда шудааст.

Тумсо Абдураҳмонов аз 2 декабр ба ин тараф бо наздиконаш дар тамос нест.

Моҳи феврали соли 2020 ба Тумсо Абдураҳмонов сӯиқасд сурат гирифта буд. Вай он замон осебе надида, пулисро ба кӯмак даъват карда буд. Ҳамлагаронро боздошт ва маҳкум карданд. Онҳо шаҳрвандони Русия буданд. Фармоишгари ҳамла муайян карда нашуд, аммо додситонии Шветсия гуфта буд, ки "изи фармоиш ба Грозний мебарад".

XS
SM
MD
LG