Ссылки доступа

Боздошти уйғурҳо дар арафаи анҷумани Ҳизби коммунисти Чин


Беш аз сад уйғурро дар минтақаи Шинҷони Чин дар арафаи баргузории анҷумани Ҳизби коммунисти он кишвар дастгир кардаанд.

"Radio Free Asia" бо такя ба манобеъ ва мақомоти минтақавӣ мегӯяд, чунин чораҳо ба хотири он гирифта шуданд, ки дар минтақа нооромие сар назанад.

Ба иттилои радио, боздоштҳо дар моҳи июл, чанд моҳ қабл аз анҷумани 20-уми Ҳизби коммунисти Чин, ки 23 октябр баргузор шуд, сурат гирифтаанд. Мақомоти Чин аввали моҳи октябр сафар ба Шинҷонро манъ карда буданд.

Масъули бахши Ҳизби коммунисти Чин дар деҳаи Панҷим гуфт, ки охирин боздоштҳо дар онҷо охирҳои моҳи сентябр ва ибтидои моҳи октябр сурат гирифта ва як бахше аз саркӯби пеш аз анҷумани ин ҳизб шумурда мешуд. "Боздоштшудаҳо асосан ҷавононе ҳастанд, ки соли таваллудашон аз 2000 поин аст. Яъне, аз насли хатарнок буданд", - гуфт ӯ.

Як афсари пулис гуфтааст, дар ҷараёни саркӯби ахир дар Шинҷон 125 кас дастгир карда шудааст.

XS
SM
MD
LG