Тибқи иттилои додгоҳ, қароргоҳи собиқи Янукович Межихиря дар наздикии Киев, маҷмааи меҳмонхона ва тарабхона дар Сухолучйе, манзил дар соҳили Оболонская дар Киев, маблағҳои суратҳисобҳо (беш аз 1 миллион доллар), саҳмияҳо дар корхонаҳо мусодира гаштаанд.
Виктор Янукович, ки солҳои 2010-2014 президенти Украина буд, моҳи феврали соли 2014 дар авҷи эътирозҳои хиёбонӣ аз Киев фирор кард ва баъдан бо қарори Рада ё порлумон, аз қудрат барканор шуд. Тамоми ин солҳо ӯ дар Русия зиндагӣ мекунад ва мегӯяд, ки барканориаш ғайриқонунӣ буд.
Ҳукми додгоҳи Киев рӯзи 24-уми январи имсол содир шуд. Дар шарҳи қарори додгоҳ гуфта шуд, амалҳои Янукович боис ба "ғасби Қрим аз ҷониби Русия, шурӯи ҷанг дар Донбасс ва хисороти зиёд барои Украина шуд".