Ссылки доступа

Таркишҳо дар Киев. Дар Украина бонги хатари ҳавоӣ зада шуд


Дар саросари Украина субҳи рӯзи ҷумъа бонги хатари ҳавоӣ зада шуд. Бино ба хабарҳо, низомиёни рус ба хоки Украина чанд мушаки болдор партоб кардаанд.

Расонаҳо ва маъмурияти ҳукуматҳои чандин вилояти Украина, аз ҷумла Киев, Палтовская ва Днепропетровская хабар додаанд, ки низоми зиддимушакии ҳавоии ин кишвар ба кор даромадааст.

Дар Киев таркишҳои сахт рух додааст. Шаҳрдори он Виталий Кличко гуфт, чандин иншооти шаҳр ҳадафи мушакҳо қарор гирифтаанд. Ҳукумати вилояти Харков иттилоъ додааст, ки ба зербиноиҳои вилоят ҳамла шудааст. Дар натиҷа шаҳри Харков пурра бебарқ мондааст.

Дар бораи қатъи интиқоли неруи барқ ба сокинони чандин шаҳру вилояти Украина низ хабар дода мешавад. Мақомоти Украина дар бораи талафоти ҷонии ин ҳамлаҳо ҳанӯз иттилое надодаанд.

XS
SM
MD
LG