Ссылки доступа

Шинзо Абе, нахуствазири пешини Ҷопон кушта шуд


Шинзо Абе, нахуствазири пешини Ҷопон, ки рӯзи ҷумъа дар минтақаи Нара ҳадафи тирандозӣ қарор гирифта буд, дар бемористон ба ҳалокат расидааст.

Бар асоси гузоришҳо, раҳбари пешини Ҷопон дар ҳоли суханронӣ дар як маъракаи интихоботӣ буд, ки садои тирандозӣ шунида шуд.

Як манбаи огоҳ аз Ҳизби ҳокими либерал-демократӣ, ки Абе низ аз раҳбарони он аст, ба расонаҳои Ҷопон гуфтааст, ки оқои Абе аз гарданаш осеб дидааст.

Аммо хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" менависад, ки ӯ ҳангоми афтодан бар замин даст бар синаи худ мегузорад ва дар ҳамон ҳол либосҳои вай пур аз хун мешавад.

Шабакаи телевизионии NHK-и Ҷопон низ гузориш додааст, ки пулис як гумонбарро дар маҳалли ҳодиса ба иттиҳоми талош барои куштани Абе боздошт кардааст.

Ҷопон аз амнтарин кишварҳои ҷаҳон аст ва дар масъалаи доштани аслиҳа қонунҳои сахтеро ҷорӣ кардааст.

Ба навиштаи "Ассошиэйтед пресс", бар асари тирандозӣ дили оқои Абе аз кор мондааст, ба ин маънӣ, ки қалби ӯ наметавонад хунро тақсим кунад ва оксигенро ба боқимондаи бадан бирасонад. Мақомоти Ҷопон гоҳе ин истилоҳро дар робита ба шароите истифода мекунанд, ки фарди бемор ё қурбонӣ зинда аст, аммо ҳанӯз марги ӯ ба таври расмӣ эълон нашудааст.

Шинзо Абе соли 2020 аз нахуствазирӣ канор рафт ва сабаби онро беморӣ гуфта буд.

XS
SM
MD
LG